Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:51

Кӯлоб аз охир дар мақоми аввал. Душанбе ҳам истисно нест

30 январ 2012, 11:50

Масъулини  ширкати «Барқи тоҷик» дар паи ҷамъбасти натиҷаҳои ҷамъоварии ҳаққи барқ таи соли 2011-ум аҳолии шаҳри Кӯлобро дар ин самт қафомондатарин арзёбӣ карданд.


Тавре аз ширкати мазкур ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, аз аҳолии шаҳри Кӯлоб таи соли 2011 ҳамагӣ 63,1 фойизи маблағи барқи истифодашуда ҷамъоварӣ гардидаст, ки ин пасттарин нишондод дар ҷумҳурӣ мебошад. Дар паи шаҳри Кӯлоб пойтахти кишвар-Душанбе қарор дорад, ки аз аҳолии он ҳамагӣ 72,5 фоизи маблағи барқи истифодашуда ҷамъоварӣ шудаст.  
Ин дар ҳолест, ки муштариёни шабакаҳои барқи Панҷакент 100,1 фоиз, «ШБ Норак» 94,5 фоиз, ШБ Суғд  - 92,4 фоиз ва ШБ Турсунзода 91,3 фоизи маблағи барқи истифодакардаашонро пардохт намудаанд.
Дар маҷмӯъ, масъулини «Барқи тоҷик» изҳор медоранд, ки ба ҳисоби миёна аз аҳолии ҷумҳурӣ 80,1 фоизи маблағи истифодакардаашонро ҷамъоварӣ кардаанд. Ҳаҷми қарзи аҳолӣ дар назди ширкати «Барқи тоҷик» ба ҳолати аввали соли ҷорӣ 276 миллион сомонӣ арзёбӣ мегардад, ки дар муқоиса бо аввали соли гузашта наздики 70 миллион сомонӣ бештар аст.
Аммо бисёре аз коршиносон дар асоснокии ин қарз шубҳа доранд. Аз ҳисоботи «Барқи тоҷик» бармеояд, ки ҳар оила  дар Тоҷикистон  ба ҳисоби миёна 250 сомонӣ аз барқ қарздор аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!