Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 10:48

Дипломати мисрӣ нақши Душанберо дар таҳкими амнияти Афғонистон муассир арзёбӣ кард

31 январ 2012, 04:48

Дипломатҳои тоҷику афғон паёми муштаракаи ВКХ-и ҳар ду кишварро ба ҳукумати Миср расониданд.


Тибқи иттилоъ, Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб Нарзулло Назаров ҳамроҳ бо Сафири Афғонистон д-р Насир Аҳмад Нур паёми муштараки вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Афғонистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Залмай Расулро ба унвони Вазири корҳои хориҷии Миср д-р Муҳаммад Комил Амр, ки дар он барои иштирок дар Конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA-V) даъват ба амал омадааст, ба сардори раёсати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубии Вазорати корҳои хориҷии кишвари иқомат сафир Акрам Ҳамдӣ супориданд.
Манбаъ афзуд, зимни сӯҳбат сафир Ҳамдӣ бо изҳори ташаккур аз даъвати Вазир барои иштирок дар конфронси мазкур қайд кард, ки Миср аз оғоз дар тамоми чорабиниҳои байналмилалӣ оид ба Афғонистон фаъолона иштирок намуда, ҳамеша дар раванди сулҳ ва бозсозии ин кишвари дӯст саҳмгузор буд ва Конфронси панҷум, ки пазироии онро Тоҷикистон 26-27 марти 2012 дар шаҳри Душанбе ба зимма гирифтааст, метавонад дар ин росто нақши муҳимро бозад.
Ҳамзамон, дипломати мисрӣ иштироки кишвари худро дар сатҳи муносиб дар Конфронси Душанбе ва дигар чорабиниҳо дар ҳошияи он таъкид сохта, талошҳои пайгиронаи Тоҷикистонро дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муҳими минтақавӣ, ки ба манфиати Афғонистони ҳамсоя низ равона карда шудаанд, баланд арзёбӣ кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!