Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:50

Низоми истифодаи боигариҳои зеризаминии Тоҷикистон бояд нав шавад

31 январ 2012, 06:02

Шўҳрат Раҳматбоев, муовини аввали сардори Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ монеаи асосии истихроҷ ва истифодаи боигариҳои зеризаминии Тоҷикистонро қонунгузории мавҷуда ва идораи нодурусти давлатӣ дар соҳа номид.


Ба гуфтаи Раҳматбоев дар Тоҷикистон қонун дар бораи истифодаи қаъри замин ҳанўз соли 1994-ум қабул шудаст, ки асосан меъёрҳои замони шўравиро инъикос мекунад.  Вай муносибат бо маълумотҳои геологиро аз монеаҳои дигари рушди истифодаи боигариҳои зеризаминии Тоҷикистон номид: «Айни ҳол дар ҷаҳон бисёр давлатҳо кўшиш мекунанд, ки ба воситаҳои гуногун, аз ҷумла интернет маълумотро дар бораи боигариҳои табии худ, дастраси сармоягузорон намоянд. Аммо дар Тоҷикистон маълумотҳои геологӣ, ки хеле боянд дар фондҳои геологӣ хобидаанду, ҳатто шакли электронӣ надоранд. Бисёре аз маълумотҳои геологӣ ҳамчун сирри давлатӣ маҳсуб меёбанд».
Дар ҳамин ҳол, Раҳматбоев суол мегузорад, ки вақте сармоягузорони ҷаҳонӣ намедонанд мо чӣ боигариҳо дорем, чӣ хел ба сармоягузорӣ ҳавасманд хоҳанд шуд ва таъкид мекунад, ки дар кишвар то ҳадди имкон дастрасӣ ба маълумоти геологӣ васеътар шавад.
Дар маҷмўъ, Раҳматбоев низоми мавҷудаи истифода ва идораи қаъри заминро дар Тоҷикистон заиф хонда, гузаришро аз низоми иҷозатномадиҳии мавҷуда, ки расмиёти зиёд дорад, ба усули шартномавӣ зарур арзёбӣ кард. Вай мегўяд:
«Дар ҷаҳони муосир бисёри давлатҳо аз иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи истифодаи қаъри замин даст кашида, ба шартнома гузаштаанд. Аз ҷумла дар Қазоқистон, ки қонунгузории нави соҳа соли 2010 –ум рўи кор омад, муносибат миёни давлат ва истифодабарандаи қаъри замин ба воситаи шартнома сурат мегирад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!