Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 09:44

Умеди Давлатзод: Сармоягузорӣ ба минтақаҳои озод майли афзоиш дорад

31 январ 2012, 06:17

Ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон аллакай дар самти ҷалби сармоягузорӣ ва роҳандозии истеҳсолот натиҷаҳои мусбатро ба бор овардаст.


Умеди Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» аллакай 18 субъект бо сармоягузории имконпазир дар ҳаҷми 52 миллион доллар ба қайд гирифта шудаанд:«Корхонаи истеҳсоли рангҳо, ки аз ашёи хоми маҳаллӣ истифода мебарад, дар назар аст аз охирҳои моҳи феврал содироти  маҳсулоташро ба кишварҳои дигари минтақа ба роҳ монад. Инчунин имсол 5 субъекти дигар дар минтақаи «Суғд» истеҳсолотро оғоз карда, боқимонда дар паи  таҳияи нақшаи истеҳсолот ва дарёфти қарз аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва ғайра қарор доранд».
Ба гуфтаи Умеди Давлатзод дар минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» 5 субъект бо сармоягузории имконпазирашон дар ҳаҷми 19 миллион доллари амрикоӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар минтақаи «Панҷ» бархилофи «Суғд» инфрасохтори аввалия мавҷуд нест ва он дар пуштаи холӣ таъсис ёфтааст:
«Бино ба ин мо бо субъектҳои минтақаи «Панҷ» шарт мондаем, ки аз ҳисоби худашон инфрасохтори авваларо ташкил мекунанду  баъдан онро аз ҳисоби маблағҳое, ки бояд ба маъмурияти минтақа пардохт намоянд, рӯйпӯш кунанд».
Давлатзод таъкид мекунад, ки тибқи меъёрҳои мавҷуда, субъекти минтақаи озод бояд таи 3 сол сармоягузориро амалӣ намояд.  Вай дар мавриди минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» изҳор дошт, ки айни ҳол ба таҳияи нақшаи генералии рушд машғуланд ва танҳо баъд аз ин ба таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ хоҳанд  пардохт.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!