Покистон ҳоло дар вазъияти ниҳоят мураккаб ва ҳассос қарор дорад.
Дар ин бора рӯзи 24-уми май директори генералии департаменти вазорати умури хориҷии Покистон оид ба Осиёи Марказӣ ва кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ Амҷад Алӣ Шер зимни мулоқоташ бо сафири Тоҷикистон дар он кишвар Зубайдулло Зубайдов иброз дошт. Тибқи иттилои дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон ҷаноби Амҷад Алӣ Шер ба авзоъи сиёсӣ ва иҷтимоии Покистон дахл карда афзудааст, ҳоло Покистон вазъи ҳассосу мураккаб дошта, кӯшишҳои роҳбарият ва сохторҳои марбутаи кишвар дар ин шароит ба ҳифзи манфиати миллӣ ва амнияти Покистон равона гардидаанд.
Зимнан, дар ин нишаст масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Покистон низ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Мӯҳр