Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 29 апрел 2017, 06:36

«Лайлак» ба «Суғд» наздик мешавад

31 январ 2012, 07:03

Дар маркази вилояти Суғд байни минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва минтақаи озоди «Лайлак»-и Ҷумҳурии Қирғизистон Меморандум оид ба ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ ба имзо расид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд, ҳадаф аз тасвиби ин ин созишнома ташкили ҳамкории байниҳамдигарии иттилоотӣ, дастгирии инвестерҳо баҳри татбиқ ва маблағгузории лоиҳаҳои иноватсионии дар ҳудуди минтақаи озодӣ иқтисодӣ ба шумор меравад.
Ин санад муддати се сол амалӣ гардида, ҳамкории дуҷониба дар ташкил намудани намоишҳо, конфронсу симпозиумҳо ва дастгирӣ барои дарёфти ҳамкориҳо, ташкили бозорҳои нав ба роҳ монда мешавад.
Ҳамчунин, Меморандум ба ҷалби инвестерони хориҷӣ мусоидат намуда, барои рушди марказҳои савдо, бозор, мағозаҳо ва соҳибкорон таъсири хуб мебахшад.
Ба ин санад зиёда аз 15 ташкилотҳои иқтисодии кишварҳои гуногун имзо гузоштанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!