Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 18:40

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ даст ба ҷиноят заданд. Мисолҳо зиёд аст

31 январ 2012, 09:53

Бархе аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки худ масъули мубориза бо коррупсия мебошанд, ба содир намудани ҷиноятҳои коррупсионии вазнин ва махсусан вазнин боздошт шудаанд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иттилоъ доданд, зимнан  57 ҷинояти характери коррупсионидошта аз ҷониби 43 нафар корманди Вазорати корхои дохилӣ, 18 ҷиноят аз ҷониби 13 нафар корманди Вазорати адлия, 12 ҷиноят аз ҷониби 10 нафар корманди Кумитаи андоз муайнян ва ошкор карда шуд.
Манбаъ афзуд, 14 ҷинояти дигар аз ҷониби 13 нафар хизматчии Вазорати мудофиа, 12 ҷиноят аз ҷониби 9 нафар корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, 9 ҷиноят аз ҷониби 5 нафар кормандони мақомоти прокуратура, 6 ҷиноят аз ҷониби 3 нафар корманди мақомоти суди (Шўрои адлия), 5 ҷиноят аз ҷониби 5 нафар корманди Хадамоти гумрук, 2 ҷиноят аз ҷониби 3 нафар корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ва 2 ҷиноят аз ҷониби 1 нафар корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи  Тоҷикистон ошкор ва мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дода шудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Jimi

  • 25 июл 2015 19:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ягон одами соз хастайми?

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!