Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:36

Ба сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон имсол боз се тим мепайвандад

31 январ 2012, 10:09

Федератсияи футболи Тоҷикистон зимни баргузории нахустин ҷаласа дар соли 2012 Лигаи миллии футболи Тоҷикистонро таъсис дод.


Шавкат Ахмедов сухангӯи ФФТ ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, Лигаи миллии футболи Тоҷикистон барои баргузории мусобиқоти қаҳрамонии футболи ҷумҳурӣ масъул аст. Ин лига ташкилоти ҷамъиятии ғайритиҷоратӣ аст ва бошгоҳҳои футболи лигаҳои аввал ва олӣ, ҳамчунин  ҳамаи шахсони барои баргузории мусобиқот масъулро муттаҳид месозад.
Ба қавли номбурда  ҳамчунин зимни ҷаласаи ФФТ замони баргузории мусобиқоти имсолаи кишвар маълум гардид. Мусобиқоти лигаи олӣ 6-уми апрел оғоз меёбад. Сабқат аз ду давра иборат буда, ширкати 14 даста дар назар дошта шудааст. Ба ҷуз 11 бошгоҳе, ки дар мусобиқаи соли гузашта ширкат доштанд, инчунин дастаҳои «Зарафшон»-и Панҷакент, «Истаравшан»-и Истаравшан ва «Ҳосилот»-и Фархор хоҳиши ширкат дар мусобиқаи имсоларо доранд. Маблағи ҳаққи иштирок дар мусобиқа барои дастаҳои лигаи олӣ нисбат ба мусобиқаи порсола 5 ҳазор сомонӣ коҳиш ёфтааст. Ҳақмузди доварону нозирони бозиҳои мусобиқаро Лигаи миллии футболи Тоҷикистон пардохт мекунад. Дастаҳои лигаи олӣ бошанд, танҳо ҳаққи хароҷоти сафари хидматии доварону нозирони бозиҳоро мепардозанд.
Шавкат Ахмедов мегӯяд имсол сабқати дублёрҳо ё ҳайатҳои захиравӣ ҳамчун мусобиқаи ҳайатҳои ҷавонон дар ду давра доир мешавад. Мусобиқаи лигаи аввали Тоҷикистон, ки 25-уми апрел оғоз мешавад аз ду давра иборат аст. Манбаъ илова намуд, ки бо қарори кумитаи иҷроияи ФФТ ба ҷойи мусобиқаи Ҷоми ёдбуди Рустам Долтабоев имсол Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон барпо хоҳад шуд.  Маблағи ҷоизаи Ҷоми ФФТ 45 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб ба ғайр аз Ҷом 20 ҳазор сомонӣ супурда мешавад. Барои ҷойи дуюм 15 ҳазор сомонӣ ва барои мақоми сеюм 10 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.  


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!