Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 06:56

Январ маҳсулоти озуқавориро дар Тоҷикистон арзон кард. Муваққатан

31 январ 2012, 12:02

Дар бозори озуқаи Тоҷикистон таи моҳи аввали соли ҷорӣ вазъият мўътадил буда, нархи баъзе аз маҳсулот ҳатто рўй ба коҳиш ниҳодаст.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз  Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар доданд. Ба иттилои масъулини ин вазорат нархи гўшти гов таи моҳи январ 1,3 фоиз коҳиш ёфта, айни ҳол як кило ба ҳисоби миёна 27 сомону 75 дирам нарх дорад.  Килои гўшти гўсфанд 1 фоиз арзон шуда, 29 сомонӣ нарх дорад. Гўшти мурғ 1,8 фоиз арзон шуда, 15 сомонӣ нарх дорад.  
Ба гуфтаи манбаъ, нархи як литр равғани растанӣ 2 фоиз поён рафта, ба ҳисоби миёна 9 сомону 60 дирам арзиш дорад. Нархи шир бетағйир монда ба ҳисоби миёна ба ивази 3,75 сомонӣ фурўхта мешавад. Таи моҳи равон нархи шакар 1,5 фоиз, орди истеҳсоли Қазоқистон 2,5 фоиз ва орди ватанӣ 2 фоиз арзон шудааст. Дар қатори маҳсулоти озуқаи таи моҳи январ  қимматшуда, масъулини вазорати рушди иқтисод биринҷ – 2,5 фоиз, чои сиёҳ 2,8 фоиз, чои кабуд – 8,6 фоиз, себ  -ро ном бурданд, ки 6 фоиз қиммат шудааст.  
Дар муқоиса бо нархҳои моҳи январи соли гузашта масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки нархи гўштти гов – 26,1 фоиз, гўшти гўсфанд 31,8 фоиз, равғани растанӣ 9,7 фоиз, шир 7,1 фоиз, тухм 26,9 фоиз, маҳсулоти макаронии ватанӣ 30,8 ва истеҳсоли хориҷӣ 38,9 фоиз қиммат шудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!