Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:54

Достиев ва Карзай дар ҳузури муовини вазири умури хориҷаи Русия

1 феврал 2012, 09:59

Сафири Тоҷикистон дар Маскав Абдулмаҷид Достиев бо муовини Вазири умури хориҷаи Русия И. Маргулов дидору мулоқот анҷом додааст.


Мавзӯи меҳварии сӯҳбат омодагӣ ба баргузории Ҳамойиши панҷуми ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ оид ба Афғонистон (RECCA V) буда, дар сӯҳбат сафири Афғонистон дар Русия А. Карзай низ ширкат доштааст. Ёдовар маешавем, ки Ҳамойиши мазкур қарор аст рӯзҳои 26 27 и марти соли равон дар Душанбе доир бигардад.
Тавре маркази матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Маскав хабар медиҳад, дар кори конфронс намояндагони беш аз 70 давлати дунё ва созмонҳлои шинохтаи байналхалқӣ ширкат карда, дар доираи ин Ҳамойиш баргузории форуми тиҷоратӣ низ дар назар дошта шудааст. Ширкатдорони Ҳамойиш масоили инкишофи ҳамкориҳо дар самтҳои кушодани роҳҳои нақлиётиву тарнзитӣ миёни кишварҳои минтақа, энергетика, роҳандозии лоиҳаҳои иқтисодӣ ва ҷалби сармоя барои онҳо, рушди савдо ва дигар масоилро баррасӣ хоҳанд кард.
Дар охири мулоқот сафирони кишварҳои масъули баргузории ин ҳамойиш Тоҷикистону Афғонистон ба вазири умури хоричаи Русия Сергей Лавров ва муовини он кас И. Маргулов даъватномаи ширкат дар Конфронсро тақдим намуданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!