Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:27

Кӯлоб: Темурмалик соҳиби 400 гектар боғи нав мешавад

1 феврал 2012, 10:05

Соли гузашта кишоварзони ноҳияи Темурмалик дар майдони 400 гектар боғи нав бунёд намудаанд.


Малика Шукурова, райиси ноҳия мегӯяд, тибқи нақшаи ҳукумати вилояти Хатлон, барои ноҳияи Темурмалик бунёди 600 гектар боғи нав пешбинӣ шуда буд. Аммо бо иллати дертар оғоз намудани ниҳолшинонӣ, деҳқонон натавонистанд аз ӯҳдаи нақша бароянд:«Нақшаи бунёди боғсозӣ аз ҷониби ҳукумати вилоят барои мо дер дастрас гардид. Танҳо бо ҳамин сабаб натавонистем аз ӯҳдаи нақша бароем. Вале ба ҳамаи мушкил нигоҳ накарда, дар майдони беш аз 400 гектар боғҳои мевадиҳанда созмон додем».
Гуфтанист, соли равон низ тибқи дурнамои раиси вилоят, барои ин ноҳияи кӯҳистон бунёди боз 600 гектар боғи нав супориш шудааст. Хонум Шукурова ба бовар аст, ки қудрати бунёди ҳамин миқдор боғзорро доранд, агарчӣ то 1-уми феврал ҳамагӣ дар майдони 57,7 гектар замин ниҳол шинонда шудаасту бас: «Мо такя ба соҳибкорони маҳаллӣ, ки дар берун аз ноҳия кору фаолият доранд, мекунем. Боварӣ доем, ки бо ҷалби эшон садҳо гектар боғу токзорҳои нав дар ҳудуди ноҳия созмон дода мешавад».


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!