67 дар сади мардуми рус хостори доир кардани имтиҳон аз забони русӣ барои муҳоҷирин будаанд.
Тибқи як назарсанҷӣ, ки Маркази умумирусиягии омӯзиши афкори мардум доир кард, беш аз 70 фоизи пурсидашудагон аз пешниҳоди ахири сарвазири Русия Владимир Путин дар самти сангинтар кардани қонунгузорӣ дар соҳаи муҳоҷират пуштибонӣ кардаанд.
Аз ҳама бештар пешниҳоди барҳам задани гурӯҳҳои миллии ғайриқонунӣ, ки на аз рӯи қонун, балки аз рӯи “фаҳмиш” ба сар мебаранд, миёни мардум пазироӣ пайдо кардааст. Ҳамчунин, ин тадқиқот нишон дод, ки 77 дар сади мардуми ин кишвар тарафдори сангинтар кардани қавонин муҳоҷират буданашонро изҳор кардаанд.
Гуфта мешавад ,назарсанҷӣ рӯзҳои 28-29 январи соли равон миёни 1600 нафар аз 138 маҳали зист ва 46 вилоёти Русия доир карда шудааст.
Мӯҳр