Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:49

Ҳушдорҳои навбатӣ ба президент Эмомалӣ Раҳмон

25 май 2011, 09:46

Матбуоту коршиносони рус пеш аз сафари президенти Тоҷикистон ба Аврупо мисли солҳои қаблӣ фарзия ва тахминҳои зиёдро дар миён мегузоранд.Интизор меравад, дар аввали моҳи июн президент Раҳмон ба 4 кишвари Аврупо сафарҳои расмӣ анҷомӣ бидиҳад.

Дар ҷараёни ин сафар, ки аз 4 то 12 -уми июн барномарезӣ шудааст, президенти Тоҷикистон аз Фаронсаву Люксембург ва Австрияву Венгрия боздид ба амал меорад. Аз ҷумла дидору мулоқоти ӯ бо президенти Фаронса Никола Саркозӣ ва суханрониаш дар парлумони Аврупо аз нуқтаҳои муҳими ин сафар арзёбӣ мегардад.

Дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон дар ҳоле аз сафари ҷаноби Раҳмон дар аввали моҳи июн хабар медиҳад, ки қаблан ба навиштаи расонаҳои хабарии ватанӣ интизор буд, сафари мазкур дар миёнаҳои моҳи май сурат мегирифт. Оё чӣ сабаб ба маътал шудани ин сафар мусоидат кардааст, ҳамоно номаълум боқӣ мемонад ё шояд ба иштибоҳи манбаъҳои хабарии расонаҳо иртибот бигирад. Ҳамчуноне гуфта мешуд қабл аз ин як сафари президенти Тоҷикистон ба пойтахи Русия дар миёнаҳои моҳи феврал ва баъдан моҳи май бо сабаби номаълум сурат нагирифтааст.

Баҳси ин сафар ва пайомадҳои он метавонист мавриди гуфтугӯ ва таҳлил қарор нагирад, агар матбуоти русӣ ва доираҳои таҳлилии Русия аз нав мавзӯи "пушт гардонидани Душанбе аз Кремл" -ро зиёд "пуф" намекарданд. Ҳоло дар сомонаҳои русӣ матлабҳо бо ин мазмун, ки сафарҳои зиёди мақомоти Ғарбӣ ба Душанбе ва инак сафари Раҳмон ба Аврупо гувоҳ аз наздикии Тоҷикистон бо ин кишварҳоро дорад, бамаротиб афзудаанд.

Оё воқеан мавзўъ то ин ҳад доғ ба назар мерасад ва ин воқеият аст, ки Душанбеи расмӣ дигар намехоҳад танҳо ба ҳарфи Кремл гўш фаро бидиҳад?

Суолҳои мазкурро ба баҳси доираҳои таҳлиливу коршиносии тоҷик вогузоштем.

Ва ҳамакнун сиёсати ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон

Вафо Ниятбеков, таҳлилгари Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон ба ин назар аст, ки набояд ҳарфҳои матбуоту коршиносони русро ин қадар ҷиддӣ гирифт, чун онҳо наметавонанд бозгўкунандаи мавқеи расмии давлаташон бошанд. Аммо ў мегўяд, дар навбати худ Душанбе низ наметавонад танҳо гўш ба ҳарфи мақомоти Кремл фаро бидиҳаду манфиатҳои милливу давлатии худро сарфи назар намояд. "Аз як ҷониб Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ аз рўи принсипи "сиёсати дарҳои боз" амал мекунад. Аз сўи дигар кишвари мо ба сармоягузориҳои ҷиддӣ дар бахшҳои мухталиф, бахусус лоиҳаҳои энергетикӣ ниёз дорад" мегўяд ў.

Хотиррасон мешавем, ки соли 2004 зимни як мулоқоти президент Раҳмон бо ҳамтои собиқаш Владимир Путин дар Сочи ҷониби Русия ваъдаи зиёде дар бораи сармоягузорӣ ба бахши энергетикаи Тоҷикистон анҷом дод, аммо чизе ҳосил нашуд. Ин ҳам дар ҳоле, ки Душанбеи расмӣ дар ин музокирот гузаштҳои ҷиддие анҷом дод, аз ҷумла маркази назорати кайҳонии "Окно" -и худро амалан ройгон ба ихтиёри Русия вогузошт. Аммо баъдан мақомоти тоҷик эълон доштанд, ки ваъдаи сармоягузории Русия ба тарҳҳои энергетикии Тоҷикистон танҳо ба як ҳадаф: ба таври сунъӣ муфлис кардани корхонаи алюминии Тоҷикистон ва ниҳоят онро аз худ намудани онҳо нигаронида шуд. Ҳамин тавр чанд сол пеш созишномаи бо Дерипаска бастаи ҷонибҳо якҷониба аз сўи ҳукумати Тоҷикистон лағв гардид.

«Окно»-и Норак ва амнияти Тоҷикистон

Сӯҳроб Шарифов мегўяд, аз он ки Тоҷикистон маркази назорати кайҳонии Русияро дар худ дорад, амнияти давлат зери хатар қарор дорад. Пеш аз ин баҳсҳои дигари мақомот ва доираҳои таҳлилии Душанбе сари ин буд, ки Тоҷикистон бояд барои иҷоза додан ба пойгоҳи низомии Русия дар ҳудуди худ бояд солона 300 миллион доллар талаб намояд. Ин баҳс бахусус замоне гарм шуд, ки мавзўи бозгашти низомиёни рус ба марзи Тоҷикистону Афғонистон аз нав матраҳ гардид. Ҳоло мақомоти рус мегўянд ин мавзўъро онҳо намехоҳанд баррасӣ кунанд, аммо дар доираҳои таҳлилии тоҷик ба ин назаранд, ки бо ин гуфтаҳояшон дар Кремл мутмаинанд: як рўз Душанбе ҳатман худаш хоҳад хост, ки бозгашти низомиёни русро ба марзи худ дар миён гузорад.

Пеш аз ин ҳам матбуоти рус мавзўъҳои зиёдеро дар миён мегузошт ва ба гуфтаи таҳлилгарон ба сифати абзори фишор истифода мекард. Аз ҷумла масъалаи муҳоҷирони кори тоҷик, фалаҷи кўдакон, манъи воридоти хушкмева ба Русия ва мисли ин.

Аз моҳи апрел бошад давлати Русия барои ворид намудани маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон боҷи гароне ҷорӣ кард. Гуфта мешавад бо ин ҳама фишангҳо Кремл мехоҳад масъалаҳои худро бо Душанбе ҳал намояд.

Аммо кадом масъалаҳо метавонанд мавриди баҳс бошанд ва чӣ сабаб вуҷуд дорад, ки имкони "рў ба Ғарб" шуданиТоҷикистонро  ба вуҷуд биёрад?

Ҳоло матбуоти Русия менависад, ки Тоҷикистон набояд аз таҳти назорати онҳо берун шавад. Бахусус аз навиштаҳои журналист Михаил Растовский дар  рўзномаи "Московский комсомолетс" бармеояд, ки Русия нақшаи таҷдиди вазъ дар Тоҷикистонро аллакай кашидааст. Ба навиштаи ин шореҳи сиёсӣ дар сурати ба мувофиқа нарасидани Русияву Тоҷикистон Кремл эҳтимол аз фаъолиятҳои густурдатаре кор хоҳад гирифт. Як сол пеш низ чунин таҳдидҳо аз ҷониби матбуоту доираҳои таҳлилии рус сурат гирифта буданд ва онҳо буданд, ки мегуфтанд Тоҷикистонро "тобистону тирамоҳи гарме интизор аст". Пас аз ин ҳаводиси шарқ, хоса проблемаи Мулло Абдулло ба миён омад.

Вале ин дафъа бархе аз таҳлилгарон мегўянд ба ин таҳдиду ҳушдорҳои русӣ набояд сахт дода шуд, чун дар минтақаҳои кишвар дигар "қаҳрамоне" боқӣ намондааст.  Генерал Абдулло Ҳабибов, ки ҳамзамон раиси созмони "Дўстони Русия" аст, мегўяд бегуфтугў ҳастанд қувваҳо ва давлатҳое, ки осудагии моро намехоҳанд. Аммо "ҳоло дар кишвар чун дивизияи 201 фаъолият дорад, он яке аз кафолатдиҳандагони бузурги амнияти мо тоҷикистониён мебошад ва  касе наметавонад ба мо таҳдид кунад, бовар кунед".

Генерал Ҳабибов сахт итминон дорад, ки ҳоло дар бораи "ғарбгаро" шудани Тоҷикистон набояд сўҳбат дар миён бошад. Зеро  дар масъалаҳои калидӣ раҳбарияти ду мамлакат ба ҳам мувофиқанд. "Шояд баъзе масоили ҷузъӣ вуҷуд доранд, аммо онҳоро набояд ҷиддӣ гирифт. Бархе аз истодагариҳои ҳукумат дар бархе аз масоили мавриди баҳс далолати онро дорад, ки президент Раҳмон дар ин ҳолатҳо манофеи милливу давлатии худро авлавият додаст ва шояд ба ин дар Русия мувофиқ набошанд. Аммо ман мутмаинам, ки ахир баҳсҳо, мусбат ҳалли худро дармеёбанд" мегўяд ў.

Сиёсатшинос Абдуғанӣ Мамадазимов низ тақрибан ҳамин мавқеъро пуштибонӣ карда мегӯяд,  "сард" баҳогузорӣ кардани муносиботи ду давлат низ баҷо нест. "Пеш аз ҳама аз ин муносибот худи Русия манфиатдор аст, чун вазъи геополитикии минтақаи моро дуруст дарк мекунад ва ба самимияти мавқеи раҳбарияти Тоҷикистон борҳо шоҳид шудааст".

«Сиёсати дарҳои боз»-и Тоҷикистону ҳақиқат

Таҳлилгари масоили сиёсӣ Алии Амин боз ҳам ҳушдорҳои ҳам кишварҳои ғарбӣ ва низ Русияро дар миён мегузорад ва мегўяд Тоҷикистон дар ҳолате қарор гирифтааст, ки як бунбастро ба хотир меорад. "Чунин ба назар мерасад, ки агар манфиатҳои Русия дар ин миён халал ёбанд, онҳо ва агар аз манофеи кишварҳои Ғарб зарар бинанд, инҳо ба печида кардани вазъ дар Тоҷикистон талош хоҳанд кард. Пас назари бисёрии таҳлилгарон, ки усули "сиёсати дарҳои боз" дар шароити кишварҳое чун Тоҷикистон мувофиқ нест, аз ҳақиқати худ дарак медиҳад" хулоса мекунад ў.

Бо ҳамин, сафарҳои чанд масъули баландпояи кишварҳои ғарбӣ ба Душанбе ва инак сафари расмии президент Раҳмон ба Аврупо баҳсҳоеро дар миён овардааст, ки посухи онҳоро танҳо вазъи мушаххас имкон дорад, маълум намояд. Барои чунин вазъи мушаххас ҳолату омилҳои зиёд вуҷуд доранд, ки дар ҳамин чанд фурсати баъдӣ шоҳиди онҳо хоҳем гашт, мегӯянд таҳлилгарон.{jathumbnail off}

Ҷамила Мирбозхонова

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!