Дар шабакаи интернетӣ сомонаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба фаъолият оғоз намуд.
Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» райиси ҲХДТ дар вилояти Суғд Даврон Зоҳидов иттилоъ дод, минбаъд тариқи ин сомона навгониҳои фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд пешкаши истифодабарандагон мегардад.
Ҳамзамон, хонандагон акнун метавонанд, шумораҳои чопшудаи нашрияи ҳизбии «Сухани халқ»- ро, ки дар Хуҷанд ба нашр мерасад, ба тариқи электронӣ мутолиа намоянд.
Мӯҳр