Бахшҳо

Ромодановский Путинро дастгирӣ кард. Аммо мухолифи раводид аст

Константин Ромодановский, сардори Хадамоти муҳоҷирати Русия пешниҳоди Путинро оиди сахт намудани ҷазо барои муҳоҷирати ғайриқонунӣ дастгирӣ карда,роҳандозии раводидро бо кишварҳои ИДМ ғайриимкон арзёбӣ кард.


Ба гуфтаи Ромодановский раводид роҳи ҳалли мушкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ нест: «Мо наметавонем низоми раводидро ҷорӣ кунем, зеро Русия як доираи муайяни ӯҳдадориҳоро дар назди кишварҳои ИДМ дорад. Раводид имкон медошт агар мо ба сӯи Иттиҳоди АвруОсиё намерафтем, кӯшиш намекардем бо Иттиҳоди Аврупо низоми бераводидро ба роҳ монем. Аз як тараф мо ба сӯи рафтуомади бераводид бо Аврупо рафта истодаему аз ҷониби дигар бародарҳоямонро, ҳамсояҳои наздикамонро, ки дар даврони Шӯравӣ бо ҳам мезистем, маҳдуд карда истодаем».

Ромодановский таъкид кардаст, ки муҳоҷират бояд бегуфтугузор ба манфиати шаҳрвандони Русия бошад. Ба гуфтаи ӯ аз ҳама муҳимаш дар муҳоҷират набояд, некбинию бадбинӣ миёни давлатҳо авлавият пайдо кунанд, зарур аст, ки волояти қонуни Русия таъмин гардад.

Вай пешниҳоди Путинро оиди ҷорӣ кардани имтиҳон барои муҳоҷирон аз забони русӣ қобили дастгирӣ номида, изҳор доштаст, ки айни ҳол Хадамоти муҳоҷират меъёрҳои мушаххасро  барои сатҳи забондонӣ муайян карда истодааст. Ӯ мегӯяд: «Чоряки муҳоҷироне, ки аз Осиёи Миёна ба Русия меоянд таваллуди солҳои 1986-ум мебошанд, мувофиқан дар мактабҳои шӯравӣ нахондаанд ва забони русиро намедонанд».

Ромодановский иттилоъ додаст, ки қонунан дар Русия айни ҳол 2,3 миллион нафар кор карда истодаанд, вале шумораи ғайриқонунҳо метавонад аз 4 миллион бештар бошад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)