Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:08

Беш аз 18 тонна маводи пастсифати туркӣ дар Тоҷикистон ошкор гардид

2 феврал 2012, 07:48

18 ҳазору 990 килограм маҳсулоти қаннодии пастсифат аз давлати Туркия ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст.


Ин миқдор маҳсулоти озуқавории истеҳсоли Туркия зимни як санҷиши масъулини агентии «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд ошкор гардид. Тавре аз ин ниҳод ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд,   автомашинае, ки ин миқдор маҳсулотро тавассути он меоварданд, дар наздикии сарҳади Эрон ба садама дучор шудааст: « Баъди пурра омӯхтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда маълум гардид, ки дар натиҷаи ин садама борпечҳои маҳсулоти вайроншуда ба халтаҳои полипропеленӣ ҷой карда шуд. Маҳсулот ячанд муддат дар анборҳои муваққатие, ки шароити нигоҳдошташон ба талабот ҷавобгӯ набуд, нигоҳ дошта шудаанд. Ширкати истеҳсолкунанда 18.990 кг маҳсулоти қаннодиро бо автомашинаи дигар ба ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол  медиҳад».

Манбаъ иттилоъ дод, ки натиҷаи ташхис нишон додааст, маҳсулоти мазкур аз рӯи вайрон шудани борпеч ва нопуррагии маълумот ба талабот ҷавобгӯ намебошад. Бино бар ин, дар асоси хулосаи ташхисгоҳ, бо розигии соҳибкори интиқолдиҳанда ва баҳри ҳимояи бозори дохилӣ аз молу маҳсулоти пастсифат несту нобуд карда шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!