Бахшҳо

Мушкили норасоии барқ дар Тоҷикистон то Парлумони Аврупо кашида шуд

Тоҷикистон дар фасли зимистон аз норасоии барқ танқисӣ мекашад. Нерӯгоҳҳои обӣ-барқии хурд ва миёна талаботи энергетикии Тоҷикистонро пурра қонеъ намегардонанд ва ба рушди соҳаи саноат мусоидат нахоҳанд кард. Мушкилӣ танҳо тавассути сохтмони НОБ-и Роғун, ки иқтидораш 3600 мВт аст, ҳал хоҳад шуд. Ин нуктаро Рустамҷон Солиев, намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо зимни суханронӣ дар Брюсел изҳор дошт. Номбурда, ки дар ҷаласаи бози ҳайати Парлумони Аврупо оид ба робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ суханронӣ мекард, ҳамчунин ба масъалаи экологии минтақа дахл намуд. Вай аз ҷумла дар мавриди идораи захираҳои обӣ, хушкшавии баҳри Арал ва фаъолияти Ширкати алюминии тоҷик дар пешгирии ифлосшавии муҳити зист сухан кард. Вобаста ба фаъолияти Ширкати алюминии тоҷик дар пешгирии ифлосшавии муҳити зист, Сафири Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо  иттилоъ дод, ки дар ҳамкорӣ бо ширкати Hydro Aluminum корхонаи алюминии тоҷик бо филтрҳои нави дунизома ҷиҳозонида шудааст, ки пурра ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ аст. Дар хотима Рустамҷон Солиев иброз дошт, ки талошҳои саривақт ва муштарак ба кишварҳои минтақа имконият медиҳанд, ки ба чолишхои муосир муқовимат нишон дода, роҳҳои дурусти ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаро пайдо намоянд. “Мавқеи умумиминтақавӣ нисбат ба истифодаи захираҳои обию энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ ба идоракунии самараноки захираҳои об баҳри таъмини об, энергетика, озуқаворӣ, амният, рушди иқтисодиёт, беҳтар намудани некӯаҳволии мардум ва ноил шудан ба рушди пойдори тамоми минтақа мусоидат менамояд”,- хулоса кард Сафир.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)