Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 10:42

Достиев дар Маскав бо сафири Урдун вохӯрд

2 феврал 2012, 11:32

Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдумаҷид Достиев бо ҳамтои худ - Сафири Подшоҳии Урдуни Ҳошимӣ дар Маскав Аҳмад Ал-Ҳасан мулоқот кард. Зимни нишаст оид ба Конфронси ҳамкориҳои минтақавии иқтисодӣ доир ба Афғонистон (RECCA V), ки қарор аст, 26-27 марти соли равон дар ш. Душанбе баргузор хоҳад гардид, сӯҳбат шуд. Сафири Тоҷикистон дар бораи масъалаҳои гуногуни вобаста ба он Конфронс, ки дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ ва иқтисод доир хоҳад шуд, сухан ронд. Ӯ таъкид кард, ки чорабинии мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ ва ташкил гардида, баргузории он ба зиммаи вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон вогузор шудааст. Тазаккур дода шуд, ки Дар Конфронс намояндагони беш аз 70 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ ширкат варзида, масоили инкишофи роҳҳои нақлиётиву транзитӣ миёни кишварҳои минтақа, ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, беҳбудбахшии сифати омӯзиши аҳолӣ, лоиҳаҳои иқтисодӣ бо роҳи сармоягузорӣ, савдои ҳасана, ҳамкориҳои минтақавии наздисарҳадӣ ва ғайра таваҷҷӯҳи хос зоҳир хоҳад шуд. Умуман, дар ин ҳамоиш масъалаҳои дарёфти роҳҳои муассири ҳамкориҳои судманди иқтисодӣ дар минтақа муҳокима ва тарҳрезӣ гардида, он ба раванди сулҳу субот ва пешрафти Афғонистони баъдиҷангӣ, инчунин пайвастани тадриҷии он ба ҷараёни баҳамоии кишварҳои минтақа, мусоидат хоҳад намуд. Ҳамзамон, Достиев ба ҳамтои урдунияш даъватномаи вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳ. Зарифӣ ва З. Расулро ба унвони вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Урдуни Ҳошимӣ Носир Ҷавда супурда, ба иштироки номбурда дар он ҳамоиш, изҳори умед кард.Сафири Подшоҳии Урдуни Ҳошимӣ бо изҳори сипос аз даъват, таъкид кард, ки мавзӯъ ва даъватнома, дар наздиктарин фурсат, ба унвони вазири корҳои хориҷии кишвараш расонда хоҳад шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!