Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 апрел 2017, 15:29

Дар Тоҷикистон 8 корхонаи муштараки ветнамӣ ва тоҷикӣ фаъолият дорад

2 феврал 2012, 12:03

Тибқи маълумотҳои оморӣ гардиши мол байни Тоҷикистону Ветнам хеле ва хеле кам аст. Дар ин бора Давлаталӣ Саидов, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ иброз дошт.Ӯ мегӯяд, бо дарназардошти ба имзо расидани Созишнома оид ба ҳифзи мутақобилаи саромоягузорӣ дар соли 1999, ки заминаи мусоиди ҳуқуқӣ муҳайё гашту имконияти зиёди ҳамкориҳо низ миёни Тоҷикистон ва Ветнам мавҷуданд, аммо аз онҳо дуруст истифода нашудааст. Ҳамзамон, дар як нишаст, ки дар он Ле Ман Люан, сафири фавқулода ва мухтори ҷумҳурии Ветнам дар кишварҳои Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагони кумитаи сармоягузорӣ воқеияти фазои сармоягузорӣ ва дар ин самт ислоҳотҳои ҳукумати Тоҷикистон анҷомдодаро мавриди баррасӣ қарор додаанд. Гузашта аз ин, ҷонибҳо атрофи имконият ва иқтидорҳои иқтисодиву сармоягузории кишвар, соҳаҳои эҳтимолӣ ва судманд барои ҷалби сармоягузорӣ мубодилаи афкор намудаанд. Бино ба иттилоъ, Ле Ман Люан оиди рушди ҳамкориҳои дуҷониба ҳавасмандии хукумати  Ветнамро изҳор намуда, ба мунтазам амалӣ намудани чорабиниҳои воқеӣ баҳри иттилоонидани доираҳои соҳибкориву тиҷоратии ҳарду давлат аз фазо, иқтидор ва имкониятҳои иқтисодиву сармоягузорӣ, изҳор дошт. Тибқи иттилои расмӣ феълан дар кишвар 8 корхонаи муштараки Тоҷикистону Ветнам дар бахшҳои мухталиф фаъолият мекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!