Бахшҳо
03 фев 2012 08:10Адабиёт

Қадри гулу хори ин ҷаҳон яксон аст…

Ҳамеша пеши худ мегуфтам, ки ҳарфе ба ёди ин ҷавон хоҳам гуфт.

(Ёдкарди шоири ҷавонмарг-Ҷумъаи Дӯст)

Ҳамеша пеши худ мегуфтам, ки ҳарфе ба ёди ин ҷавон хоҳам гуфт. Сухане муассир андар боби шинохти шеърҳои воқеан самимиву шогирдонааш, ки дар ҳар сурат дар ҳошияи баёзи адабиёти тоҷик сабт гардида, баён медорам. Инак, боз ҳам дер кардам, дер, дер... Мӯҷиб ҳамоно китобчаи аввалину охирини шоири ҷавонмарг буда, ки аз беҳушӣ куҷое гузоштаам, ки ба зудӣ ҳич дарёфташ накардам, чун ғарами китобҳои дигар пинҳонаш намудаанд. Алъон рӯйи дастам қарор дорад ва ман хиҷолатзада наметавонам қалам болои авроқи сафед барам. Ин ки панҷаҳоям меларзанд, вуҷудам такон мехӯрад, нигоҳам бар сурати шоири ҷавонмарг хира мегардад ва ҳуруфу мисраъҳо аз дидгоҳам ба дур фосила мегиранд ва... баногаҳон шеърҳо печидаву дарҳам-барҳам мешаванд.

Мағзам, балки ҷумла торҳои аъсобам кашида мешаванд, ҳама фаҳмишҳову пиндорҳои аҷибам дар як лаҳза ғайб мезананд куҷое. Пас-он дар сукуте амиқ ғарқ мешавам. Лаҳазот мегузаранд, пораҳои вақт тикаву пора мешаванд. Дар тасаввурам, як умри одамӣ дар як чунин вазъи харобу нохуше зиндагӣ ба сар мебурдам.

Буд, набуд, омад-рафт, гуфт-нагуфт, овоз баланд карду хомӯш шуд. Ин ҳамон расми дерину азалии чархи гардун буда. Омадану рафтан... Ва аммо ҳадаф аз ин омаданҳо рӯйи даҳри пуртаззод ва олами мураккаб, ки омехта бо зиндагии пуршебу фароз аст, чӣ буда? Ин суолро ҳар кас ба тариқи мухталиф посух хоҳад гуфт. Ман суханро дигар ба дарозо нахоҳам кашид...

Аз он рӯзи сардиҳои зимистон, дуруст 24 декабри соли 1986, ки марги фоҷиавии ногаҳонӣ ҷавони шеъргӯву таронасаро-зиндаёд Ҷумъаи Дӯстро аз ин олам бирабуду бибурд, расо 26 сол сипарӣ гардида. Ва аз чопи ягона китобакаш, ки баъди ҳалокаташ ба нашр расида, 22 сол бигзашта. Маҷмӯаи хоксоронае бо номи "Гули баҳман", ки ҳасрато, рӯйи онро муаллифи ормонияш надида.

Муддатҳост, ки рӯзгорамро бо як андеша пеш мебарам: чун аст дар ин кишвар касе, қаламкашу хомабадасте руасои Иттиҳоди адибон ҳатто, гоҳ-гоҳаке ёде аз Ҷумъаи Дӯст намекунанд? Ё шояд ҷое, андар ҷаласаву ҷамъомаде аз ӯ ба гунаи мухтасару фишурда бошад ҳам, сухан дар миён овардаанд, ки маро хабар набуда? Ё дар рӯзномаву маҷаллае перомуни Ҷумъаи ҷавонмаргу ашъораш чизаке бинвиштаанд? Ё аз радиову оинаи телевизион барномае ба ёдбуди ӯ пахш кардаанд? Дар куҷо дидаеду шунидаед? Ё боз ҳам маро чашми басират нобино буда? Ё гӯшам вазнину ҳарфу ҳиҷоро наметвонам хонда? Чаро аз мурдаҳо "ҳазар" дорем? Чаро танҳову танҳо хештану сояи худро бузург мебинем? Чаро аз худ пайғамбари шеър метарошем? Ё хотираи мо барбод рафта? Ё он рӯз дур набувад, ки мо, муташоирон худро фаромӯш месозем? Кистед Шумо? Шоири халқ? Барандаи ҷоиза? Нобиға?!

Дареғо ки устодоне чун шодравон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир дигар панҷаи навозиш бар сари қаламкашони соҳибистеъдод намебаранд, аз ёдҳо ҳама зудуда шуданд. Агар ишон мебуданд, хотираҳо "ҷон" мегирифтанд, симоҳои аз назару хаёлҳо дурмонда, зинда мегаштанд. Аммо дареғ!

Ман аз Ҷумъаи Дӯст сухан мегӯям. Аз Ҷумъае, ки на танҳо худ зери хок ба хоби абадӣ рафта, балки ҳамсару фарзандонаш низ дар бари ӯ, дар таҳи пуштаҳои ҳолиё барфпӯш орамидаанд ҷовидонӣ. Шоири шинохта Гулназар дар сӯгвории Ҷумъа шеъре суруда, ки пораеро аз он ин ҷо меорем:

...Хонаву модари ту танҳо буд

Дар он ҷое, ки хуни нофат рехт.

Солҳо дар пойтахти тоҷикон,

Дар ба дар будиву бесомон.

Манзили нав кунун муборак бод,

Эй тоҷики бехона!

Шеъри Ҷумъа оҳангу шеваи волои миллатпарварию меҳанхоҳӣ дошт. Андешааш баланд, тоҷикона буд. Дар шеъраш бӯйи каломи дарӣ нуҳуфта буд. Мегуфт:

...Дид ҳар кӣ дафтару девони ӯро,

Дид дар оинаи таърих

Решаву пайванди тоҷик,

Он чӣ омад бар сари девони ӯ,

Омад аввал бар сари фарзанди Тоҷик.

Захмҳои хунчаконе, ки варо,

Бар саҳфаи девон чакида,

Он паи тире, ки аввал,

Бар дили тоҷик расида.

Мисраҳои гумшуда дар саҳфаи девони ӯ,

Аскарони сарбадори байни оташ гумшуда.

(шеъри "Рӯдакӣ", саҳ.10.

Дар шеърҳои "Теғи нигоҳи халқ", "Фарзанди инқилоб", "Зарафшон", "Меравад чун соя хам-хам" руҷӯи Ҷумъаи шоир ба таърихи миллат зиёд ба мушоҳида мерасад. Вай зимни баёни воқеоту ҳодисот ва саргузашти муборизони халқ, ки ба фоҷеаҳову нокомӣ поён пазируфтаанд, ҳушдор медиҳад. Ҳушдор аз он ки барои минбаъд фарзандони миллати азияткашидаи тоҷик он иштибоҳу ғафлатзадагии бешууронаро такрор насозанд. Ва агар пеши назар орем, ки масалан, шеъри "Меравад чун соя хам-хам" соли 1986 эҷод шуда, шоир хеле ояндабин буда, ки моро ба сабақ ва ибрат омӯхтан аз фалокати сари Рустаму Сӯҳроб омада, ҳидоят мекунад ва ҳар лаҳзаву фурсат ҳушманду худогоҳ будани мардумро таъкиду таъйид месозад:

...Дар биёбонҳои таърих,

Рустами аз худ пушаймон

Наъли аспаш хӯрда бар санг,

Меравад аз худ гурезон.

Китфу бозуяш шикаста,

Аз ғироми зиндагию зиндагон,

Лек чашмаш оташафшон,

Синааш лабрези тӯфон.

Дар биёбонҳои таърих,

Аҳриман то ҳол сарсон,

Аз қафои Рахшу Рустам,

Бохабар, эй родмардон!

("Меравад чун соя хам-хам", саҳ.18.)

Ва аммо ин миллат сахт хомандешу кӯтоҳназар монда, ки аз он фоҷеатҳои гузаштаи ниёгони хеш натиҷаи саҳеҳ набаровард, нобиное буд, ки ҷаҳолатро аз хираду маърифат болову беҳтар ҳисобид ва даст зад бар ҷангу рехтани хуни барҳадари бародари худ ва балоҳову фалокатҳои пешиниёнро такрор бинмуд.

Дар биёбонҳои таърих - Аҳриман,

То кушад бо дасти Рустам

Чун манеро мисли Сӯҳроб

Меравад чун соя хам-хам...

(ҳамон шеър, саҳ.19)

Аҳриман дар ботину замири мо нуҳуфта. Ҳамон Иблис лигом бар иродаву хоҳиши некӯи мо зада, моро мебараду мебарад бар биёбони ваҳшатзои ҳарбу масоф, чун чашмони мо хун гирифта, қасду кинситезӣ шиори хеш бинмудаем. Оваҳ, дареғ!

Зикри ғавғову пайкори беҳадафтарини он айём (ҷангҳои дохилӣ) ногуфта беҳ! Аслан ҷавҳари шеър дард буда. Ин дарду доғи ҳар шахс аст, хоҳ дур, хоҳ наздикаш. Аз ин зовия, шеъри "Ҳасрат", ки аз ҳар ҷиҳат Бозор Собиру "Абр"-и ӯро ба ёд меорад, пурсӯзу бадард ва ҷонгудозона рӯйи коғаз омадааст. Дар пиндори Ҷумъаи Дӯст беди маҷнун шабеҳи хоҳари кокулпарешони ӯст, обилаи дастони падар монои ғӯраҳои ашки шоиранд, ки дона-дона аз чашмонаш метарованд. Ва шоир ба хоҳараш ҳамдардиву дилсӯзӣ зоҳир мекунад, андарзу тасаллояш медиҳад, ки падараш аз дидаҳо ғоиб гардида бошад ҳам, дар хонаи ёдҳо зинда монда. Дар шеър тасвирҳои шоирона хушоянд омадаанд. Алалҷумла, чун дона дар дили хоки сиёҳ хобидан - ишора ба падари деҳқони шоир, ки умре дон кишт мекарду охир худ ба хок ҷовидонӣ пайваст.

...Хоҳарам, боре ба чашмонам нигар,

То кунун дар шишаи чашмони ман,

Он ҳама обилаи дасти падар,

Гӯиё чун ғураҳои ашки ман,

Метаровад дона-дона.

...ӯ ки деҳқон буд умре,

Дона мепошид бар рӯи замин,

Ин замоне,

Мисли дона дар дили хоки сиёҳе

хуфтааст,

Ман чӣ мегӯям, ки деҳқон худ

ба ҳасрат гуфтааст:

"Фасли наврӯз омаду гулҳо баромад

аз замин,

Ҳайфи тухми одамӣ, ҳаргиз нарӯяд

аз замин".

(саҳ.19-20)

Дар як идда шеърҳои Ҷумъа номаи рӯҳи миллӣ, ҷузъиёти урфу одат ва анъаноти тоҷикона бас тозаву нав ва баҳадаф ба чашм бармехӯрад. Симову чеҳраи тоҷикона, рӯзгори хосаи мардум, ки ҳароина панду андарзе дар он нуҳуфтааст, амиқу равшан ҳувайдо мегардад. Ҳамин гунаанд шеърҳои "Рағза" ва "Нияти хайр".

Дар шеъри "Рағза" модари рағзадӯде ба тасвир омада, ки пайваста дар ёди омад-омади фарзанди раҳдураш чашм ба роҳ аст. Ва ҳар гоҳе, ки писараш ба деҳ, ба хонаашон сафар карданӣ шавад, модар рағза хоб мебинад. Ин ҳолат, яъне хоб дидани модар, худи рағза, ки навъе аз палоси кӯҳистониёни тоҷик аст, дар шеър аз қаринаҳои мардумист. Ва Ҷумъа атрофи вожаи рағза образи модари чашминтизорро меофарад, хеле хотирмон ва бағоят пуробурангу шоирона.

Дар нигоҳи модари чашминтизор,

Рағза роҳ аст,

Роҳи дидор...

Дар нигоҳи ҷумла фарзандони ӯ

Рағзаи ӯ рамзи раҳҷӯию раҳпоии ӯст.

Рамзи бисёрест дар ҳар тору пуди рағзааш,

Рамзҳои зиндагии пойдор.

Рамзҳои рӯзгори модари пазмони дидор...

Он ҳама шебу фарози торҳои рағзааш,

Ҳамчу байти мисраҳои Рӯдакӣ,

Мекунад огоҳ маро,

Аз ҳама шебу фарози зиндагӣ.

Дар хонадони тоҷики кӯҳистонӣ чун кӯдак раҳгардон мешавад, пирон пеши пояш об мерезанд. Ин амал рамзи покиву порсоии фарзанд, рамзи дили софу дарёии ӯ буда. Ҳамин расми мардумӣ дар шеъри "Нияти хайр" воқеӣ ба риштаи тасвир омада.

Кӯдаки навпо чу раҳгардон шавад,

Пеши пояш об резад мӯйсафед.

То мисоли об бошад, раҳравон,

Қалби ӯ пурҷӯш бошад,

То мисоли обҳои чашмасорон,

Синааш покиза бошад...

(саҳ.23.)

Ҷумъаи Дӯст дар эҷоди ғазал ва рубоию дубайтиҳо дасти боло дошт. Таваҷҷӯҳ кунед ба ин рубоиҳо, ки дар онҳо фалсафаи ҳаёт сареҳан ифода гардида:

Рафтам сари гӯри падарам афсурда,

Дидам, ки даруни гӯр хобаш бурда.

Як дам бинишастаму нишастам як дам,

Ман дар бари ӯ чун нахли боронхӯрда.

Ё:

Бари мурдаи бекафан дилам месӯзад,

Бар зиндаи бе ватан дилам месӯзад.

Чун лаб ба сухан боз кунад пистаи пуч,

Бар хандаи бедаҳан дилам месӯзад.

Ва ё:

Ҳаргиз назадам такя ба девори касе,

Дар сояи дигарон наосуда басе.

Чун чӯҷаи аз чанги уқоб тарсида,

Худро назадам ба бунаи ҳар хору хасе.

Инак, бо овардани ҳамин шеърҳову порабайтҳо иктифо мекунам ва мехоҳам ба навиштаам ҳусни мақтаъ бибахшам. Аммо...

Ёдам меояд, ки Ҷумъа дигар шеър намегӯяд, розу рамз ва муҳаббати гарми хешро барои минбаъд пеши мо ифшо намекунад. Ҳар чӣ гуфту навишт, ба сони як баёзи кӯчак аз ӯ ба ёдгор монда.

Дареғо, аҷали хонабарандоз бераҳму беинсоф аст. На аз тифл парво дораду на аз пиру на аз ҷавон. Ва чӣ бузургону раҳнавардони пайроҳаи шеъру шоирӣ ба коми ин аждаҳо ғайриихтиёр фурӯ рафтаанд. Гӯӣ шодравон Ҷумъаи Дӯст ин муаммои қадимию азалии зиндагиро бановақт бо гӯши ҷон истимоъ фармуда буд, ки мегуфт:

Бар чашми аҷал пиру ҷавон яксон аст,

Қадри гулу хори ин ҷаҳон яксон аст.

Ҳар субҳ ба гӯши бод наргис мегуфт:

"Бар дидаи кӯр рӯзу шаб яксон аст".

(шеъри "Ба ёди "Маҳмуди Воҳид", саҳ.46).

Дар хотима суханони Гулназарро чун нақши носутурданӣ аз баҳри эҷодиёти Ҷумъаи Дӯст иқтибос меорем:

...То шеъраш ҳаст, то меҳраш дар дилу ёру дӯстонаш маскан гузидааст, ӯ (Ҷумъаи Дӯст) бенишон нахоҳад буд".

Рӯзи фоҷиаи рӯзгораш шеъре гуфта будам, ки ин аст:

Ҳама донанд, ту куҷо рафтӣ,

Ҳама донанд, ту чаро рафтӣ.

Касе аммо наёрад гуфт: ба куҷо?

Касе аммо натонад гуфт, ки чаро?..

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)