Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 07:27

Абдулҳамиди Самад «Климко»-ро ба хонандагони тоҷик пешниҳод менамояд

3 феврал 2012, 08:27

«Климко»- асари адиби маъруфи Украина Григор Тютюнник аз ҷониби нависандаи тоҷик Абдулҳамид Самад бо забони тоҷикӣ тарҷума шуд.


Ин китоб арафаи ҷашни 80-солагии зодрӯзи муаллифи ба забони модарии мо баргардон шудааст. Бино ба иттилои хадамоти матбуотии ВКХ, ба ин муносибат дар сафорати Тоҷикистон дар Украина бо иштироки теъдоди зиёди аҳли илму адаб, намояндагони ВАО, масъулини сафоратхонаҳои ҳарду ҷониб ва намояндагони диаспораи тоҷикони муқими Украина ҳамоиш  баргузор гардид. Иштирокчиёни ин ҷамъомад аз тарҷумаи китоб бо забони тоҷикӣ, хидмати бузург ва арзандаи тарҷумони китоб, нависандаи шинохтаи тоҷик изҳори сипос гуфта, ҳамзамон ӯро пайвандгари адабиёт ва фарҳангу маданият миёни хонандагони муосири Украина ва Тоҷикистон номбар карданд.

Маврид ба ёдоварист, ки нависандагони тоҷик якчанд асари адибони украинро ба забони тоҷикӣ тарҷума намудаанд, ки онҳо хонандаи тоҷикро бо адабиёту фарҳанги кишвар бештар шинос мекунанд. Дар ин замина ҷонибҳо тасмим гирифтаанд, ки робитаҳои мустақими иттиҳодияҳои эҷодии ду кишвар ба роҳ монда шаванд ва асарҳои барҷастаи шоирону нависандагони кишварҳо ба забонҳои якдигар тарҷума гарданд. Бо ин мақсад, Иттифоқи миллии нависандагони Украина дар оянда таҳия ва омода намудани лоиҳаи созишномаи дуҷонибаро миёни иттифокҳои нависандагони Тоҷикистону Украина пешниҳод кард



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!