Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:15

Шӯрообод: 35 деҳа ҳанӯз ҳам хати барқ надоранд

3 феврал 2012, 10:31

Дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон 35 русто ҳанӯз ҳам бо хати барқӣ таъмин набудаанд.


Дар ин бора Амирхон Икромов, райиси ноҳияи мазкур ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод. Ба гуфтаи  ӯ, дар ин русто аҳолии кам ба сар мебаранд ва сокиноне будаанд, ки тайи 20-25 соли ахир аз дигар деҳот ба мавзеи бобоӣ кӯч баставу хоҳиши обод намудани минтақаҳои нообод кардаанд. Ҳукумати маҳаллӣ бо иллати набуди маблағ қудрати сохтмони хатҳои барқиро дар ин рустои дурдаст надорад ва аҳолӣ низ қодир нест, ки аз ҳисоби шахсиашон симчӯбу ноқилу сими барқӣ харидорӣ намояд.

Райис меафзояд, соли 2011-ум ҳукумати маҳаллӣ тавонист барои 13 рустои бебарқмонда хати барқӣ кашад: «Кӯшиши он дорем, ки бо қадри тавоноӣ барои боқӣ деҳаҳои бебарқмонда, оҳиста-оҳиста хати барқӣ кашем».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!