Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 19:23

Оқохони IV: Мо ба Афғонистон тариқи Тоҷикистон кӯмак мекунем

4 феврал 2012, 05:43

Вазъияти амниятӣ дарвоқеъ хеле нигаронкунанда аст ва бадтар мешавад, хусусан дар ҷануби Афғонистон. Ин нуктаро Оқохони IV, пешвои исмоилиёни ҷаҳон ҳанӯз шаш сол муқаддам зимни як мусоҳибааш бо маҷаллаи олмонии «Шпигел» иброз дошта буд.


Ӯ ҳамчунин ба тарҳу лоиҳаҳои амалишаванда дар Афғонистон ишора карда гуфт, ки аксарияти пружаҳои мо  дар пойтахт ва шимоли кишвар аст, ки онҷо вазъият ҳарчанд, ки қонеъкунанда нест, аммо беҳтар аст: «Мо онҷо метавонем, ки барқро аз тариқи Тоҷикистон таъмин кунем ва метавонем, ки онҷо хадамоти маъданиро фароҳам намоем. Мо барои ҷилавгирӣ аз хатар кӯшиш кунем, ки як қисм аз навоҳии хосе дар Афғонистон нисбати дигар манотиқ бозсозии сареътар шаванд. Агар чунин рушди руйдодҳо бо тақсимоти қавмӣ мутобиқат мекунад, пас Шумо онҷо як  мушкили дигар доред. Аммо мушкили асосӣ он аст, ки бештари мардум дар Афғонистон то ҳол беҳбудие дар зиндагии рӯзмара намебинанд.  Раванди барқарорсозӣ самимона ба назар намерасад. Мо дар эҷоди як фарҳанги умедбахш дар ин кишвар муваффақ нашудаем. Яке аз дарсҳои калидӣ, ки ман дар муддати ним асри кор дар кишварҳои дар ҳоли рушд омӯхтам, ин аст, ки ҷойгузин кардани умед ба ҷойи тарс, эҳтимолан яке муассиртарин тропплинҳои пешрафт бошад»

Матни комили мусоҳибаро аз ин нишонӣ пайдо мекунед:  http://ozodagon.com/sr/item/16162



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!