Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:20

Парвози ҳавопаймоҳо аз Душанбе ва ба Душанбе идома дорад. Мушкил нест

4 феврал 2012, 06:15

Барфе, ки дирӯз борид ба фаъолияти кории фурудгоҳи байналмилалии Душанбе халал нарасонидааст ва парвозҳо аз рўи меъёри муқарраргардида  бе таъхир идома дорад.


Тавре Муҳаммадюсуф Шодиев, сухангӯи ФБД ба «Озодагон» иттилоъ дод, вазъи замони муосир тақозо менамояд, ки рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ, бозсозӣ ва такмили намудҳои ҳавопаймоҳо ва хизматрасониҳои рўизаминӣ такмил ёбанд ва техникаву механизмҳои навтарини хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гиранд.

Манбаъ афзуд, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мутобиқ ба талаботи Ташкилоти байналхалқии ҳавопаймоӣ (ИКАО) омода аст, ҳавопаймоҳои хурду калонҳаҷмро қабулу гусел карда, ба онҳо хизмат расонад: « ФБД бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ   ба ҳавопаймоҳо ва мусофирон соли 2011 як қатор техникаи нав, аз ҷумла мошину механизмҳои борбардору борфарор (контейнерҳо), таҷҳизоти ба ҳавопаймоҳо барқдиҳанда, автозинаҳо, мошинҳои махсуси аз барфу ях тоза кардани ҳавопаймоҳо, мошинҳои ассенизаторӣ, мошинҳои бо об таъминкунии ҳавопаймоҳо, автобус, ядакҳои пуриқтидори ҳавопаймокаш, микроавтобусҳо, мошинҳои борбардор, мошинҳои барфрўби хатти парвозу фурудоӣ ва роҳравҳои зимомӣ ва ғайра  харидорӣ карда буд».

-Ибтидои соли ҷорӣ низ ба фурудгоҳ як қатор техникаи нави хизматрасонии рўизаминӣ, аз ҷумла мошини сўхторнишонии замонавӣ, автозинаҳо, таҷҳизоти ба ҳавопаймоҳо барқдиҳанда, тракторҳои тамғаи «Белорус» бо ядакҳо ва ғайра ворид гардиданд,-гуфт Шодиев.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!