Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 13:08

Лимити барқ дар маҳаллаи Истиқлол

25 май 2011, 10:24

Дар маҳаллаи Истиқлоли ҷамоати Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ барқ зуд-зуд қатъ мегардад.

Як сокини ин русто бо исми Фирдавс Арабов  ба хабаргузории «Озодагон»  дар тамос шуда аз қатъи нерӯи барқ  ба мӯҳлати тӯлонӣ дар маҳаллаашон изҳори нигаронӣ кард. Ӯ гуфт, муддати чанд вақт боз аз соати 9-и саҳар то 3-и нисфирӯзӣ қатъ мегардад ва касе барои ҳалли ин мушкилот садо баланд намекунад. Арабов афзуд, на танҳо дар хонаи мо, балки дар тамоми маҳалла дар ҳамин вақту соат  барқ хомӯш мешавад ва касе сабаби инро намедонад. Дар ҳамин ҳол, Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати «Барқи тоҷик»  аз қатъ гардидани нерӯи барқ дар ин маҳалла изҳори беиттилоӣ карда афзуд, сабабҳои маҳдудшавии интиқоли барқро фардо  мушаххас хоҳам кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!