Бахшҳо

Донишҷӯёни тоҷик дар Украина ҳамойиш баргузор менамоянд

Сафорати Тоҷикистон дар Украина омодагиро ба Форуми аввали донишҷӯёни тоҷики муассисаҳои таҳсилоти олии ин кишвар, ки 27-29 апрели соли 2012 дар маркази донишгоҳии бузургтарини Украина дар шаҳри Харков баргузор мегардад, шурӯъ намуд.


Тибқи иттилои ВКХ, Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба Анҷумани мазкур таъсис шудааст ва дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва роҳбарияти Донишгоҳи миллии техникӣ “Донишкадаи политехникии Харков” масъалаҳои тадорукотӣ ва ғайра доир ба омодагӣ ба ин чорабинии муҳим баррасӣ мегарданд.
Бино ба қавли дафтари матбуотии ВКХ, дар рафти Форуми донишҷӯёни тоҷики вилоятҳои Харков, Днепропетровск, Одесса, Тернопол, Кировоград, Донетск, Виннитск, Луганск, Полтава, Черкасск ва шаҳри Киев масъалаҳои мубрами таҳсил ва ҳаёти донишҷӯӣ муҳокима хоҳанд шуд ва интихоби Шӯрои донишҷӯён, инчунин таъсиси маҷаллаи донишҷӯӣ бо интихоби ҳайати таҳририяи маҷалла дар назар аст. Дар рӯзҳои ин ҳамоиш ҳамчунин мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи 6 намуди варзиш ва озмунҳои мусиқӣ бо интихоби 4 номзад барпо мешаванд.
-Бо мақсади тавсеаи фазои фаъолнокӣ ва самаранокии Форум, такмили мӯҳтавои он бо масъалаҳои мушаххаси марбут ба донишҷӯён, Сафорат ба тамоми донишҷӯёни ҳамватан ҷиҳати шурӯъ ба корҳои омодагӣ ва фиристодани пешниҳодҳои худ ба Кумитаи тадорукоти Форум муроҷиат намуд. Айни замон, дар сомонаи Сафорат (www.tajemb.com.ua) бахши махсуси вобаста ба омодагӣ ва гузаронидани Форуми I кушода шудааст,-афзуд манбаъ.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)