Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:54

Мурофиаи додгоҳии Тӯраҷонзодаҳо бо райиси Шӯрои уламо ба рӯзи 8-уми феврал вогузор шуд

6 феврал 2012, 11:49

Дар мурофиаи додгоҳии Тӯраҷонзодаҳо ва райиси Шӯрои уламо, ки имрӯз соати 3 дар суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ гузашт, Сайидмукаррам Абдулқодирзода гуфтааст, ки шахсан ӯ барои бекор кардани қарор нисбти оилаи Тӯраҷонзодҳо розӣ аст, аммо аъзои Шӯрои уламо розигӣ надоданд.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» вакили мудофеи Тӯраҷонзодаҳо Бузургмеҳр Ёров иттилоъ дод. Вай аз ҷумла гуфт: «Соати 15 мурофиа оғоз шуд ва райисикунанда пешакӣ огоҳ кард, ки имрӯз бо сабаби он ки ба тарафҳо мӯҳлати 10 рӯза оид ба созиш дода шуда буд, мурофиаи пурра оғоз намешавад. Баъдан, додгоҳ аз   Саидмукаррам Абдулқодирзода пурсид, ки дар мӯҳлати 10 рӯз масъаларо чӣ гуна ҳал кардед. Саидмукаррам гуфт, ки шахсан ман барои бекор кардани қарори раёсати Шурои уламо ризо ҳастам, вале мутассифона, ҳарчанд, ки дигар аъзои Шӯрои уламоро занг задам ва оиди ин масъала пурсидам, онҳо розигӣ надоданд. Аз ин нигоҳ ман худам танҳо бе иҷозати Шӯрои уламо имкони бекор кардани қарорро надорам.

Дар ҷараёни мурофиа райиси Шӯрои уламо дархост пешниҳод кардааст, ки истеҳсолоти парванда қатъ карда шавад. Ба боварии онҳо гап дар бораи ҷиноят намерафтааст ва вақту соату дигар ҳолатҳои он муайян набудааст.

Тафсилоти бештарро аз ин ҷо пайдо мекунед: http://ozodagon.com/g/item/16167



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!