Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:19

«Амрико» дар Файзобод. Боз як даричаи ҳамкорӣ

7 феврал 2012, 05:10

Роҳбари бахши робита бо ҷомеъаи Сафорати ИМА Весли Робертсон дар маросими  ифтитоҳи  аввалин «Равзана ба Амрико» дар ноҳияи Файзобод ширкат варзид.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз мақомоти дипломатии ин кишвар дар Душанбе иттилоъ доданд, ин дарича кӯшиши муштараки ҳукумати маҳалии шаҳраки Файзобод ва Сафорати Амрико мебошад.

Гуфта мешавад, дар ин чорабинӣ раиси ноҳияи Файзобод Абдулло Ҳакимов, муовини ӯ  Сайбӣ Раҷабова, инчунин муаллимон ва донишҷӯён иштирок намуданд: «Ҳукумати маҳаллии Файзобод утоқеро дар маркази нави ҷавонон ба китобхонаи хурд табдил доданд ва Сафорат чор  компюер, мизҳо барои компютер ва инчунин маводҳо ба забони англисӣ ва дастуру адабиёт дар бораи ҳаёт дар Амрико ва барномаҳое, ки аз ҷониби ҳукумати Амрико маблағгузорӣ мешаванд, тақдим намуд. Ихтиёриён аз гӯшаи Амрикои шаҳри Душанбе дар ҳамроҳӣ бо муаллимони забони англисии амрикоӣ, ки аз тарафи Сафорат дастгирӣ шудаанд, ба ин Равзана ба Амрико ташриф оварда, ба муаллимон ва донишҷуён онро муаррифӣ намуданд».

Весли Робертсон аснои суханронӣ гуфт, мо умедворем, ки нафарони зиёд ба ин «Равзана» ташриф оварда, барои сохтмони пули ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат хоҳанд кард. Мо дӯстӣ ва ҳамкории шуморо қадрдонӣ мекунем ва мунтазири боз чандин ташрифот ҳастем.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!