Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 10:44

Варзишгарони тоҷик ба Гумми мераванд. Пас аз 9 рӯз

7 феврал 2012, 05:22

Муродалӣ Тешаев котиби матбуоти кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба хабаргузории «Оодагон» гуфт, ки аз 16 то 20-уми феврали соли равон дар шаҳри Гумми Кореяи Ҷанубӣ чемпионати Осиё оид ба гӯштини тарзи озод ва юнону-румӣ байни калонсолон баргузор мегардад.


Дар ин чемпионат ҳайати кишвари моро варзишгарони зерин муаррифӣ мекунанд: Орзу Эмомов-55 кило, Фарҳоди Усмонзода-60 кило, Сомиршо Воҳидов-66 кило, Азамат суфиев-74 кило, Юсуф Абдусаломов-84 кило, Рустами Искандарӣ-96 кило ва Эраҷ Холов-120 кило (дар гӯштини тарзи озод)

Ҳамзамон, Фахриддин Аланазаров дар вазни 55 кило, Фаррух Беков 60 кило, Аҳмад Қодиров 66 кило, Азиз Қаландаров 74 кило Манучеҳр Аллаев 84 кило, Ҳабибулло Абдуллоев 96 кило ва Муродҷон Туйчиев дар вазни 120 кило дар навъи гӯштини юнонӣ ва румӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.

Тибқи иттилои манбаъ, ба ҳайси мураббии тими мунтахаби кишвар- Абдурозиқ Олимов ва довар-Фарҳод Султонов ҳастанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!