Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 29 март 2017, 13:18

Суғд: 68 килограмм маводи мухаддир мусодира шуд

7 феврал 2012, 05:29

Дар ин бора ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар шӯъбаи мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РКД вилояти Суғд иттилоъ доданд.


Тибқи иттилои манбаъ,дар давоми моҳи аввали  соли ҷорӣ аз тарафи кормандони милисаи шаҳру навоҳии вилоят аз гардиши ғайриқонунӣ 68 кг 342 гр маводи забту мусодира карда шуд.Ин миқдор нисбати  нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2011 ҳудуди 15 кг зиёд медошад: Дар  моҳи аввали соли гузашта аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 53 кг маводи мухаддир мусодира карда шуда буд. Аз ин миқдор  зиёда аз 7,78 кг  маводи сахттаъсири ҳероин, 67 кг 564 гурӯҳи бангдонаро ташкил медиҳад.

Гуфтанист, аз рӯи ин ҷиноятҳо дар давраи сипаригардида 24 парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 200, 201-и КҶ ҶТ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!