Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 14:54

Омӯзгорони шаҳри Кӯлоб ба мушкили иҷтимоӣ мувоҷеҳанд

7 феврал 2012, 12:19

Соли 2011-ум 75 нафар аз мутахассисони ҷавони соҳаи маориф, ки баъди хатми донишгоҳ ба макотиби гуногуни шаҳру ноҳияи Кӯлоб ба кор омада буданд, тибқи қарори раиси шаҳр бо замини қитъавӣ барои бунёди манзили зист таъмин гаштаанд.


Дар ин бора Исмон Хушвақтов, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб дар як нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба қавли ӯ, соле пештар 10 нафар аз ҳамин мутахассисон бо қитъаи замин таъмин гашта будаанд: «Ҳамаи эҳтиёҷмандон дар рустову деҳоти ҷамоатҳо ба қитъаҳои замини хонасозӣ таъмин гардидаанд».

 

Дар ҳамин ҳол, Бахтиёр Сафаров, як устоди донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб гуфт, аксари хатмкардагони ин донишгоҳ, ки бо роҳхат ба шаҳру ноҳияи Кӯлоб ба кор рафтаанд, шикоят аз он доранд, ки дар ҳукумати шаҳр барои тақсими қитъаи замини хонасозӣ ба мутахассисони ҷавон дар соли 2011 тақрибан чорае наандешидаанд ва ин қазия ҳанӯз ҳам мушкили асосӣ ба шумор меравад.

Ба андешаи оқои Сафаров, ҳарчанд дар ҳукумати шаҳр ба ин мушкил қоил нестанд, аммо он вуҷуд дорад:«Барои муаллимони ҷавон шояд дар қишлоқҷойҳо замин дода бошанд, вале то ҳанӯз дар ҳудуди шаҳр барои эшон қитъаи замини ҷиҳати хонасозӣ ҷудо накардаанд».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!