Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:27

Тоҷик дар Русия райиси идораи дин интихоб гардид

7 феврал 2012, 06:16

Дар Ямало-Ненетски Федератсияи Русия як ҳамватани мо райиси идораи дини ҳавзаи мухтори ин кишвар интихоб гардид.


Тибқи иттилои расида, Мир Давлатови 64 сола, ки зода ва парвардаи Тоҷикистон аст, аз соли 1996 дар идораи дини Ямало-Ненетск ба ҳайси корманди шӯъбаи хоҷагӣ шаҳрванди ифои вазифа дошт.

Гуфта мешавад, Давлатов акнун дар ин ҳавза се сол раҳбарии мусулмононро бар ӯҳда хоҳад дошт. Бино ба навиштаи расонаҳои хориҷӣ, Мир Давлатов дар Тоҷикистон дар донишгоҳи техникӣ таҳсил кардааст ва муҳандиси соҳаи сохтмон мебошад. Ӯ дар соли 1996 дар дар Ямало-Ненетск масҷиди Ноябрскро сохт ва ҳоло он масҷиди ҷомеи маҳал шинохта шудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!