Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 07:06

Маскав аз 70-солагии шоири тоҷик Ширин Бунёд таҷлил кард

7 феврал 2012, 09:06

Бо кӯмаки Сафорати Тоҷикистон дар Маскав бахшида ба 70 солагии шоири мардумии Тоҷикистон Ширин Бунёд маҳфили адабӣ баргузор гардид. Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Маскав бо қироати шеъре дар васфи Бадахшон маҳфили адабиро ифтитоҳ намуда, саҳми Ширин Бунёдро дар инкишифи шеъри муосири тоҷик, рушди адабиёт бориз арзёбӣ намуд.


Баъдан, паёми муборакбодии раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Меҳмон Бахтӣ қироат гардида, ҳамчунин раиси бахши бадахшонии ин иттифоқ Лаълҷубаи Мирзоҳасан  низ табрикоти худро ирсол дошт.

Тибқи иттилои хабарнигори масковии «Озодагон», шогирдони Ширин Бунёд- Адолатбеки Рустамбек, Броимшо Муҳаммадшоев, Басирӣ Абдулло, ҳамчунин роҳбари медиахолдинги «Tajinfo», рӯзноманигори маъруф Муҳаммади  Эгамзод, дӯсти шоир - омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Қамчинбек Ҷамшедов, корманди сафорат Муҳаррам Қодирова дар бораи паҳлӯҳои алоҳидаи эҷодиёт ва зиндагии шоир, хотираву бардоштҳояшон аз сӯҳбату вохӯриҳо бо адиб ва қадрдонии заҳматҳои ӯ аз сӯи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ андеша ронда, дар зимн пораҳоеро низ аз ашъори шоир қироат намуданд. Дар ин шоми ёдбуд меҳмонони зиёде, аз шумори дӯстону наздикон, пайвандон, аҳли хонадон ва шогирдону ҳаводорони шоир ҷамъ омада, тайи чанд соат аз рӯзгор ва эҷодиёти ӯ, мавзӯъ ва вежагиҳои осори ӯ, лаҳзаҳои ҷудогонаи ҳаёти шоир, хислатҳои накӯ ва фазилатҳои наҷибаш сӯҳбат оростанд.Ҳунармандони тоҷик бошанд, бо суруду мусиқиҳои ҷаззоб хотири ҳозиринро шод намуданд.

-Дар охири маҳфил пайвандони шоир расми ӯро ба сафорати Тоҷикистон тақдим доштанд,-афзуд манбаъ.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!