Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:47

Шукурҷон Зуҳуров: Дар масъалаи муайян кардани нафақапулӣ иштибоҳ вуҷуд дорад

8 феврал 2012, 10:27

Имрӯз дар Душанбе таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, райиси МН ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумони кишвар сурат пазируфт.

Тавре Муҳаммадато Султонов, сухангӯи МН ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар нишаст  лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ», Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (Бюрои САҲА дар Тоҷикистон) ва лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ» баррасӣ ва қабул гардиданд.

Зимнан, Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири меҳант ва шуғли аҳолӣ  ва вакил Бек Қурбонов зимни суханронии худ аз рӯи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкурро мукамал намудани қонуни амалкунанда ва мутобиқгардонии он бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷ умҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд. Зикр шуд, ки тибқи лоиҳаи  пешниҳодшуда, ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қисмҳои 4, 6,11 ва 30 дар  назар дошта шудааст, ки барои мукаммал намудани қонуни амалкунанда мусоидат менамояд.

Дар ҳамин ҳол, Шукурҷон Зуҳуров андешаҳои худро иброз дошта, хостори иҷрои дуруст ва ҳамаҷонибаи талаботи қонун «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» шуд. Ӯ гуфт, мутаассифона, дар бештари мавридҳо дар масъалаи муайян кардани ҳаҷми маблағи нафақаи нафақахӯрон дидаву дониста ба иштибоҳҳо роҳ дода мешавад, ки дар натиҷа таъсири манфии худро ба фонди ҳифзи иҷтимоӣ мерасонад. Дар ин росто, аз масъулони соҳа даъват ба амал оварда шуд, ки барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва риояи қатъии талаботи қонуни амалкунанда иқдоми ҷиддиро рӯи даст бигиранд.

Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Бюрои САҲА дар Тоҷикистон, ки дар таърихи 8 апрели соли 2011 дар шаҳриДушанбе ба имзо расидааст, пас аз суханронии муовини аввали Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Нурулло Орипов ва вакили МН Абдузафар Иномов тасдиқ шуд.

Санади мазкур бо мақсади расонидани ёрӣ ва мадади машваратӣ ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти самарноки ҳифзи ҳуқуқ ва мусоидат намудан ба ислоҳоти милитсия ба тасвиб расидааст.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!