Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:42

Нақби Шаҳристон ба наздикӣ мавриди истифода қарор мегирад

8 феврал 2012, 11:21

Қоҳир Расулзода, райиси вилояти Суғд  «Дар бораи тантанаҳои ба истифодадиҳии нақби Шаҳристон дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ дар шаҳри Истаравшан» қарори дахлдорро ба тасвиб расонид.


Тибқи санади мазкур дар семоҳаи дуюми соли 2012 дар шаҳри Истаравшан маросими тантанавии ба истифодадиҳии нақби Шаҳристон дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ гузаронида мешавад. Тавре ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» аз дастгоҳи райиси вилоят иттилоъ доданд, масъулин вазифадор шудаанд, ки барои дар сатҳи баланди ташкилӣ доир намудани маросими тантанавӣ ва таъмини иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкур тадбирҳои мушаххас андешад.

Ҳамчунин, Раёсати фарҳанги вилоят ҷиҳати дар сатҳи баланди маънавӣ омода намудани барномаи фарҳангии ҷашнӣ маваззаф гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки идораи телевизион ва радиои вилоят, рӯзномаҳои давлатии вилоятӣ ва маҷаллаҳои «Паёми Суғд», «Ноҳид» аз ҷараёни маросими тантанавии ба истифодадиҳии нақби Шаҳристон барномаҳо таҳия ва мавод чоп намоянд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!