Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 02:47

Эътирофоти ҷосусон дар телевизион пахш мешавад

25 май 2011, 11:33

Эътирофоти боздоштшудагони шабакаи ҷосусӣ дар Эрон ба зудӣ аз тариқи телевизион пахш мешавад.

Дар ин бора вазири иттилооти (амнияти) ин кишвар Ҳайдар Муслеҳӣ дар ҳошияи ҷаласаи ҳайати вазирони Эрон дар сӯҳбат бо хабарнигорон иброз дошт. Ба гуфтаи ӯ, қаблан гузориши кӯтоҳе  аз амалҳои шабакаи ҷосусии вобаста ба Раёсати Марказии Кашофии  (СРУ)- Амрико аз телевизиони Эрон пахш шуд ва ба зудӣ бахше аз эътирофоти аъзои боздоштшудаи ин шабака низ намоиш дода мешавад.

Муслеҳӣ афзудааст, бар асоси иттилооте, ки вазорат  эълон намуд, 30 нафар аз аъзои ин шабака дар дохили Эрон боздошт шудаанд ва 42 афсари амниятии амрикоӣ ҳам дар кишварҳои дигар шиносоӣ шудаанд. Ҳамчунин, шахсияти 5 нафар ҳам, ки барои ҷалби афрод талош доштаанд, фош шудааст.

Вазири иттилоотӣ Эрон ҳамчунин гуфт,  фаъолиятҳои ин шабака бештар ба ҳавзаҳои ҳастаӣ ва марказҳои муҳими нафту газ равона шуда ва ҳадафи асосии онҳо харобкорӣ буд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!