Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 20:23

Ҷопон ҳам дар Конфронси RECCA V дар Душанбе ширкат хоҳад кард

9 феврал 2012, 05:00

Сафири Тоҷикистон дар Покистон Зубайдулло Зубайдов бо Сафири Ҷопон дар он кишвар Чихир Атсуми мулоқот намуд.


Зимни вохӯрӣ муносибатҳои дуҷонибаи миёни Тоҷикистону Япония, вазъи минтақа ва масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси ҳамкории иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA V), ки 26-27 марти соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар назар аст, баррасӣ шуданд.
Зубайдов нақши махсуси Ҷопонроро дар минтақа таъкид сохта, кӯмаки ҳамаҷонибаи онро нисбати кишварҳои минтақа, аз ҷумла Афғонистон, баланд арзёбӣ кард. Тазаккур дода шуд, ки Ҷопон дорои имконоти васеи мусоидат ба рушди иқтисодии Афғонистон мебошад, аз ин лиҳоз ҷониби Тоҷикистон изҳори умед намуд, ки Ҷопон дар Конфронси RECCA V дар Душанбе ширкат хоҳад варзид.
Дар навбат худ, Сафири Ҷопон, ҷаноби Атсуми тасдиқ намуд, ки сулҳу субот дар Афғонистон ва тамоми минтақа барои кишвари ӯ хеле муҳим мебошад. Тибқи гуфтаҳои ӯ, Ҷопон минбаъд ҳам барои ноил гардидан ба ин мақсадҳо талош хоҳад кард.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!