Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 00:38

Душанбе: Сокинони пойтахт дар реҷаи он-лайн бо ҳукумат тамос мегиранд

9 феврал 2012, 09:16

Ҳукумати пойтахт тарҳи нави хизматрасониро тариқи интернет ва дар реҷаи он-лайн роҳандозӣ кард.


Тавре ба Шавкат Сайидов, сухангӯи мири пойтахт ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, «Мо метавонем!», ин лоиҳаи муштараки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва Фонди ҷамъиятии “Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет”  буда, бори аввал аз 1 феврали соли 2012 дар реҷаи мустақим (“On-Line”)  24 соат тавассути сомонаи www.mometavonem.tj ба фаъолият шурўъ кард.

Манбаъ афзуд, лоиҳаи мазкур бо ибтикори бевоситаи роҳбарияти шаҳри Душанбе ҷиҳати татбиқи амри райисҷумҳур  “Дар бораи Стратегияи давлатии “Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва  қарори райиси шаҳри Душанбе №78 аз 7 феврали соли 2011 “Дар бораи чораҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе оид ба ҷорӣ намудани усули замонавии идоракунӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ” ҷиҳати баланд бардоштани масъулияти роҳбарони субъектҳои хизматрасон дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ки бобати тақвияти кор бо муроҷиати шаҳрвандон дар асоси технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тарҳрезӣ гардида, бақайдгирӣ ва назорати электронии бартарафсозии саривақтии садамаҳо дар шабакаҳои муҳандисӣ ва кулли дигар хизматрасониҳои коммуналию беҳдошти ҳолати санитарӣ, нақлиёт ва фарҳанги шаҳрнишинӣ дар реҷаи мустақим дастёбӣ ба риояи «Маромномаи сокини пойтахт», Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанбе ва рушди институтсионалии ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронида шудааст, дар пойтахт амалӣ карда шуд.

Агар дар гузашта сокинони шаҳр  барои ҳалли мушкилоташон оид ба дастрасӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ  тавассути телефонҳои боварии навбатдории шабонарўзии доимоамалкунандаи шаҳрдорӣ ниёзҳояшон бароварда мешуд, феълан илова бар он тариқи сомонаи мазкур бо фиристодани паёмакҳо ба рақами телефонии 98-893-33-33, почтаи электронии admin@mometavonem.tj, ё воридшавии бевосита ба сомонаи www.mometavonem.tj муроҷиатҳояшонро ирсол намуда, ҳолати иҷроиши онҳоро аз ҷониби субъектҳои хизматрасон назорат ва  дар харитаи электронии шаҳр дар сомона аз вазъи ҷойдоштаи хизматрсониҳо нисбати рафъи садамаҳо  мустақиман мушоҳида баранд.

Дар сомона аз рўи категорияҳои зерин, ки боз ҳар кадоми онҳо  дар миқёси ноҳияҳо тақсим мешаванд, муроҷиатҳо қабул карда мешаванд:



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!