Бахшҳо

Ҳукумати шаҳри Душанбе 150 мусофиркаш мехарад. Барои хизматрасонии сокинон

Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райиси шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.


Тибқи ин тасмим, комиссияи тендерии Воҳиди хариди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе тибқи Қарори Раиси шаҳри Душанбе №40 аз 31 январи соли 2012 «Дар бораи баргузории тендер» оид ба хариди 150 адад воситаҳои нақлиёти мусофиркаши хурдҳаҷм (микроавтобусҳо) на камтар аз 12 ҷойи нишаст, бо сӯзишвории дизелӣ фаъолияткунанда, стандарти экологӣ на камтар аз Евро-3 ва мутобиқ ба иқлими Тоҷикистон барои корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии шаҳри Душанбе баҳри беҳбудбахшии хизматрасонӣ ба мусофирон дар хатсайрҳои шаҳрӣ ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ, фароҳам овардани шароити рақобати солим, ташкилотҳои ватанию хориҷиро ба сифати «Иштирокчӣ» аз  8 феврал то  29 феврали соли 2012 ба озмун даъват менамояд.

Иштироки довталабон дар озмун бо дарназардошти пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва шартҳои зерин ба инобат гирифта мешавад:

-Оинномаи корхона;

-иҷозатнома (литсензия) барои амалисозии навъҳои фаъолият;

-кафолати бонкӣ барои шартҳои дархостӣ;

-гувоҳномаи нозироти андози макони қайд;

-гувоҳномаи Фонди ҳифзи иҷтимоии макони қайд;

-маълумотнома оид ба ҳаҷми умумии Қарорҳо оид ба фурӯши нақлиётҳои мусофиркаши истифодаи умум дар 3 соли охир;

-маълумотнома оид ба иштирок дар муҳокимаи судӣ;

-пардохти ҳаққи иштирок дар тендер.

Телефонҳо барои тамос: 221-53-24;  221-28-65.

Дархостҳо то соати 17-00, рӯзи 29 феврали соли 2012 ба шӯъбаи нақлиёт, нигоҳдории роҳ ва комуникатсияи дастгоҳи райиси шаҳри Душанбе пешниҳод карда шаванд.

 

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)