Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 18:38

2011-05-04 09:50

4 май 2011, 04:50

Рӯзҳои 5-ум ва 6-уми майи соли равон дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи ҳамкориҳои байналмилалии Шӯрои Олимпии Осиё баргузор мегардад.

Ҷиҳати иштирок дар ин ҳамойиш котиби генералии Шӯрои Олимпии Осиё Ҳусейн- ал -Мусаллам  ва Субово Рича, раиси Кумитаи ҳамкориҳои байналмиллали Шӯрои олимпии Осиё ба Тоҷикистон ташриф меоранд.  Дар рафти кори ҷаласа масъалаҳои вобаста ба рушди ҳаракати олимпӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Шӯрои олимпии Осиё мавриди баррасӣ қарор мегирад. Маврид ба ёдоварист, дар рафти бозиҳои Осиёӣ, ки дар тирамоҳи соли 2010 дар шаҳри Гуанҷоу Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, бо пешниҳоди Президенти Шӯрои Олимпии Осиё Шайх Аҳмад-ал Фаҳлу-ал Сабоҳ, ноиби Федератсияи Футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба аъзогии Кумитаи ҳамкориҳои байналмилалии Шӯрои Олимпии Осиё пазируфта шуд. Феълан, 50 кишвари қитъа  ба Шӯрои олимпии Осиё аъзо мебошанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!