Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 17:39

Обама: ду президентро сарнагун кардем, дигарон низ мераванд

25 май 2011, 12:02

Сарварони ду давлат аллакай ба истеъфо рафтанд. Чанде дигар низ метавонанд аз паси инҳо раванд.

Дар ин бора, Борак Обама зимни суханрониаш дар бораи Ховари Миёна ва кишварҳои Африқои Шимолӣ иброз доштааст. Президенти Амрико ҳамчунин афзудааст,  агарчанде, ки ин кишварҳо аз сарҳади мо басо дур воқеъанд, вале мову онҳо аз тариқи иқтисоду амният, таъриху мазҳаб бо ҳам пайвастагиҳо дорем.Имрӯз ман мехоҳам дар бораи ана ҳамин тағйирот сухан кунам, дар бораи қувваҳое, ки онро ба амал меоваранд; дар бораи он, ки чӣ посухе мо бояд ба ин тағйирот диҳем, то онҳо ба арзишҳои мо ҷавобгӯ бошанду амнияти моро боз ҳам пурқувват намоянд.  Дар Афғонистон мо тавонистем, ки маҳаки таҳрикдиҳандаи Толибонро шикаст диҳем ва шурӯъ аз моҳи июли ҳамин сол мо ба баровардани қуваҳоямон аз хоки ин кишвар ва ба худи афғонҳо супурдани қудратро оғоз мекунем. Ҳамчунин, пас аз солҳои зиёди ҷанг бо Ал-Қоида ва ҳаммаслаконаш мо тавонистем, ки раҳбари он Бин Лоданро ба қатл расонем ва бо ҳамин ба ин шабака зарбаи қавие занем.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!