Бахшҳо

АНМН 6 нафарро бо ҷурми нашъаҷаллобӣ боздошт кард

Дар пайи силсилаамалиётҳое, ки кормандони агентии назорати маводи нашъаовар дар шаҳру навоҳии кишвар анҷом доданд, шаш нафар ба гумони ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт гардиданд.


Тавре ба «Озодагон» аз ин ниҳод иттилоъ доданд,  зимни амалиёт шаҳрванди 30-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа бо 0,7919 грамм ҳероин аз ҷониби кормандони Раёсати агентӣ дар вилояти Хатлон боздошт шуд.

Ҳамзамон, як рӯз баъд, кормандони ҳамин Раёсат шарики ӯ, сокнини 29-солаи Қӯрғонтеппаро, ки низ муваққатан бекор ва оиладору соҳиби ду фарзанд будааст, боздошт карданд. Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз кисаи шими ӯ маводи хокамонанд ва кулӯхчадори дорои бӯи махсус кашф ва мусодира гардид. Лабораторияи ташхиси судӣ  0,6717 гармм ҳероин будани хокаи мусодирашударо тайид кард.

Инчунин, масъулини АНМН рӯзи 6-уми феврал дар кӯчаи ба номи Чехови шаҳри Душанбе шаҳрванди 31-солаи пойтахтро бо 94,4 грамм воситаи нашъаовари ҳашиш боздошт намуданд. Дар шаҳри Чкаловски вилояти Суғд бошад, кормандони Раёсати агентӣ дар ҷараёни баргузории амалиёти фаврӣ як гурӯҳи муташаккил иборат аз ду нафарро ба гумони  ширкат дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир боздошт ва аз онҳо 804,2 гармм бангдона мусодира намуданд: «Аз ҷумлаи боздоштшудагон яке сокини 38-солаи ноҳияи Мастчоҳ, оиладор, соҳиби чор фарзанд буда, қаблан суд нашудааст. Шарики ӯ, зодаи ноҳияи Сарбанди вилояти Хатлон аст, ки дар шаҳри Чкаловск зиндагонӣ мекунад. Мавсуф низ бекор, оиладор ва соҳиби 5 фарзанд аст.

Манбаъ афзуд, тафтишот ошкор кард, ки яке аз боздоштшудаҳо соли 2011 бо моддаҳои 245, 247 қ. 4 банди б суд аз озодӣ маҳрум шудааст. Кормандони фаврӣ ин миқдор маводи нашъадорро дар ҷараёни кофтукови хонаи истиқоматии онҳо дар як халтачаи селофанӣ пайдо карданд.

Зимнан, ҷавоне, ки дар бозори марказии шаҳри Хоруғ қасд дошт мухаддирот савдо кунад, аз ҷониби  кормандони Раёсати агентӣ дар ВМКБ боздошт шуд.   Тибқи хулосаи лабораторияи ташхиси судии Раёсати агентӣ маводи мусодирашуда аз ӯ, навъи ҳероин буда, вазни умумии он 0,788 грамро ташкил медиҳад.

-Ҳамаи боздоштшудагон ба ҳабс гирифта шудаанд ва аз аъмоли содиркардаи онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот барои муайян кардани сарчашмаҳои дарёфти маводи мухаддир  ва шарикон ҷиноии боздоштшудагон идома дорад,-илова кард манбаъ.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)