Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:52

Чаро 22 сол қабл ба сӯи одамон дар Душанбе тир кушоданд?

10 феврал 2012, 05:57

Аз вуқӯъи фоҷеаи баҳманмоҳи соли 1990 бисту ду сол мегузарад. Дар атрофи он ҳодисаҳои фоҷеабор бисёр навишатнду гуфтанд.


Вале ҳанӯз ҳам касе натавонистааст ба саволи аслӣ посух гӯяд: Чаро чунин шуд? Чаро одамони бегуноҳ қурбон шуданд? Чаро омилони  аслии ин фоҷеаи миллаткуш то ҳанӯз дар паси пардаанд? Ва ғайраҳуву ҳоказо….

Маводҳое, ки дар тӯли солҳои сипаришуда нашр шудаанд, то ҷое манзараи ҷомеъи фоҷеаи рухдода ва дидгоҳҳои мухталифи аҳли ҷомеа ва ҷомеадоронро нисбат ба он ҳодиса ифода мекунанд. Дар гармогармии фоҷеаи баҳманмоҳ Президиуми Шӯрои олии онвақтаи Тоҷикистон комиссияе оид ба тафтиши воқеаҳои 12-14 феврали соли 1990 таъсис дод, ки муовинии раиси ин коммиссияро намояндаи мардумӣ, муовини Додситони онвақтаи нақлиёти Осиёи Миёна С. Кенҷаев ба уҳда дошт. Дар арафаи солрӯзи ин фоҷеа гузориши  комиссия оид ба тафтиши воқеаҳо нашр гардид. Ҳамон рӯзҳо С. Кенҷаев  дар як мусоҳибаи расонаӣ гуфта буд: "…мо 17 нафар аъзои комиссиюн сарфи назар аз он ҳама садду мушкилоте, ки ҳини кор пеши роҳамон пайдо гаштанд, кори зиёдеро ба субут расонидем… ва дар натиҷа ба хулосаи аниқе омадем, ки сабаби асосии рух додани воқеаҳо ин ба ҳадди ниҳоӣ паст будани сатҳи зиндагии мардуми таҳҷоӣ, вазъияти буҳронии иқтисодиву иҷтимоӣ, тараққиёти номутаносиби ноҳияҳо ва беътиноии роҳбарон ва талабу дархостҳои рӯзафзуни аҳолист…»

Идомаи матлаб дар ин нишонист:   http://www.ozodagon.com/s/item/16174



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!