Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 17:11

Ронанда пиёдагардро пахш кард. Ва аз ҷойи ҳодиса фирор намуд

10 феврал 2012, 06:12

Сокини ноҳияи Синои пойтахт зери чархи нақлиёт монд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД иттилоъ доданд, сарнишини нақлиёти тамғаи номаълум, аснои ҳаракат дар кӯчаи  Хувайдуллоев, аз тарафи кӯчаи  Карамов ба самти кӯчаи И.Сомонӣ, дар рӯ ба рӯи тарабхонаи «Чаманоро» қоидаи ҳаракати роҳро риоя накарда, пиёдагард Мунира Сафароваи  21- сола сокини кӯчаи  Қабодиёнро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Дар натиҷа, пиёдагард Мунира Сафарова ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи маркази миллии Тоҷикистон бистарӣ гардидааст. Феълан, барои муайян ва дастгир кардани ҷинояткор аз ҷониби кормандони милитсия ҷораҳои фаврӣ ҷустуҷуӣ идома дорад.

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!