Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 10:56

Шумораи корхонаҳо дар Тоҷикистон зиёд шудаасту содироти молу коло кам

11 феврал 2012, 05:00

Аз рӯи барномаи давлатӣ бояд то соли 2015 шаш корхонаи нави коркарди пахта дар кишвар сохта ба истифода дода шавад.


Аммо масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯянд, ки онҳо дар фикри бунёди корхонаҳои наванд, аммо соли гузашта 4 корхонаи коркарди пахта аз фаъолият бозмондааст. Сабаби аз фаъолият бозмондани онҳоро дастрасӣ надоштан ба ашёи хом барои коркард ва набудани воситаҳои гардон арзёбӣ карданд. Ба гуфтаи масъулин, имрӯз аз нахи истеҳсолшудаи пахта ҳамагӣ 11 фоизаш дар Тоҷикистон коркард карда мешавад.

 

Айни замон дар ҷумҳурӣ 77 корхонаи пахтатозакунӣ фаъолият доштааст, ки 199,6 ҳазор тон пахтаро коркард кардааст ва 69, 3 ҳазор тон нахи пахта истеҳсол шудааст. Ин нишондод 37 фоизи нахи пахтаи истеҳсолшударо ташкил додаст.

Феълан, шумораи корхонаҳо зиёд шудааст, майдони кишти пахта афзоиш ёфтааст, нарх баланд шудааст, аммо боз содирот кам. Дар ҳоле, ки ба корхонаҳо ашёи хом намерасад, тибқи барномаи давлатӣ боз бунёди корхонаҳо ба нақша гирифта шудааст…

Тафсилоти бештар дар ин суроға маҳфуз аст: http://ozodagon.com/iq/item/16175



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!