Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 23:33

Убайдуллоев лоиҳа оид ба тарифҳои ҳамлу нақли мусофиронро баргардонд. Барои таҳия ва коркарди иловагӣ

10 феврал 2012, 06:40

Рӯзи гузашта дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи ихтисосии шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва тарифҳои ҳамлу нақли мусофирон дар шаҳр баргузор гардид.


Тавре Шафқат Сайидов, сухангӯи мири шаҳр ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар кори ҷаласа масъулини идораҳои соҳавӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони МОҶТ аз шаҳри Душанбе, мутахассисони соҳаи нақлиёт, сохторҳои марбутаи шаҳрӣ, ҷамъиятҳои машғул ба мусофиркашонӣ дар пойтахт ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дар пешбурди назорати чамъиятӣ оид ба фаъолияти нақлиёти мусофиркашонӣ масъулбуда ширкат варзиданд.

Зимнан, Маҳмадсаид Убайдуллоев лоиҳаи аз ҷониби сохторҳои шаҳрӣ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссияи ҷамъиятӣ таҳиягардидаи қарори раиси шаҳри Душанбе оид ба тарифҳои нави ҳамлу нақли мусофирон дар шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ қарор дода, бо инобати мутобиқат накардани он оид ба таъмини ҳифзи иҷтимоии категорияҳои алоҳидаи шаҳр, лоиҳаро бе ҷонибдорӣ, барои коркарди иловагӣ баргардонд. Дар ин зимн муқаррар сохт, ки дар мӯҳлати ду ҳафта масъулин лоиҳаро бо ҷалби институтҳои дахлдор мукаммал сохта, унвонии раиси шаҳри Душанбе ирсол созанд.

Инчунин баҳри мукаммалсозии  низоми мавҷудаи идоракунии системаи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ дар шаҳр гурӯҳи корӣ дар ҳайати мутахассисон ва коршиносони мустақили соҳавӣ таҳти раёсати Олимҷон Бобоев – директори Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои ҶТ  таъсис дода шуд, ки дар мӯҳлати як моҳ масъаларо мавриди пажӯҳиши амиқ қарор дода, дар натиҷа сохтор ва роҳҳои нави беҳбудбахшии хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятиро таҳия ва ба раиси шаҳр ирсол намояд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!