Бахшҳо
25 май 2011 12:56Гузориш

Муллоҳои тоҷик, попу монах ва парлумони Тоҷикистон

"Чунин ба назар мерасад, ки масъулини ҳукумати Тоҷикистон муллогиро дар ҷомеа ҳамчун касб эътироф карданианд ва ё ба он мақоми расмӣ медиҳанд. Мисле, ки дар кишварҳои хориҷ поп ва монах касб аст.

Пас, аз ин ба баъд шаҳрвандонро зарур меояд, то тамоми ҳаёти худро дар мадорису донишгоҳҳои исломӣ паси сар намоянд".
Парлумони Тоҷикистон бо ворид намудани тағйирот ба қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» гирифтани маълумоти олии диниро дар хориҷ аз кишвар маҳдуд намуд.

Теъдоди зиёди ҷавонони тоҷикро ба макотиби динии хориҷӣ нерўҳои мухталиф ҷалб намуда, дар натиҷа тафаккур ва дидгоҳи ақидавии онҳоро бо андешаҳои тафриқавӣ омехта менамоянд. Ин нуктаро Абдураҳим Холиқов, раиси кумита оид ба корҳои дин зимни суханронӣ дар парлмуон роҷеъ ба лоиҳаи ворид намудани тағйирот ба қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ» таъкид намуд. Абдураҳим Холиқов мегӯяд, ҷавонони Тоҷикистон имконоти фаровони гирифтани таълимоти диниро дар дохили кишвар доранд. Номбурда гуфт, ки феълан дар Донишгоҳи исломии Тоҷикистон 1411 нафар ба донишандўзӣ машғул буда, дар умум дар кишвар 19 мадрасаи мутавассита, ду мактаби диниву дунявӣ ва як гимназияи динӣ фаъолият дошта, наздики 6 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҷо таҳсил мегиранд.

Дар зимн, барои ба низом даровардани таълими динии шаҳрвандон дар хориҷи  кишвар ба моддаи 8-и қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ» қисмҳои 6 ва 7 ворид карда шуд. Тибқи ин тағйирот, ҳамакнун тартиби гирифтани таълимоти динии шаҳрвандон дар хориҷ аз чониби масъулини Тоҷикистон муаяйн мешавад. Ҳамзамон, шаҳрвандон танҳо бо розигии хатии масъулини вазорати маориф ва кумитаи дин ва дар ҳоле метавонанд таълимоти динӣ дар хориҷ аз кишвар бигиранд, ки агар заминаи таҳсил дар мадорис ва донишгоҳи исломии Тоҷикистон дошта бошанд. Дар идома номбурда гуфт, ки ҳадафи аслии лоиҳаи мазкур ба низом даровардани таълимоти динии шаҳрвандон мебошад. Чунки таълимоти диние, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар мегиранд, дар натиҷа ба субот ва амнияти фарҳангиву динӣ мушкилоти назаррас ворид кард, илова Абдураҳим Холиқов.

Муҳиддин Кабирӣ: Ман ба ҷонибдории ин тағйирот овоз надодаам

Дар ҳамин маврид Давлаталӣ Давлатзода, вакили парлумон гуфт, ки дар Тоҷикистон умдатан пайравони як мазҳаб ба сар мебаранд ва дар макотиби таълимии динии кишварҳои мухталиф таҳсил кардани шаҳрвандон боиси ихтилофоти зиёд дар ҷомеа гардидааст. Маврид ба зикр аст, зимни муаррифии лоиҳаи мазкур баҳсу мунозирае аз ҷониби вакилон ба вуҷуд наомада, дар натиҷа он бо 59 райъи ҷонибдор қабул карда шуд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон зимни сўҳбат бо хабаргузории «Озодагон» гуфт, «ба ҷонибдории ин лоиҳа овоз надодаам». Кабирӣ мегўяд, ҳангоми баррасии лоиҳаи мазкур дар ҷаласоти саркумитаҳо баҳсҳое сурат гирифта, худдорӣ намудан аз райъдихӣ як намуди вокуниш бар ин тағйирот мебошад.

- Тағйиру иловае, ки ба қонуни Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ» ворид карда шуд, гирифтани маълумоти диниро каме печида мекунад. Ба низом даровардани таълимоти динии шаҳрвандон дар хориҷ аз кишвар мантиқист ва мо онро дастгирӣ мекунем. Аммо гирифтани иҷозатнома аз ду ниҳод ва доштани заминаи асосии таълимоти динӣ дар дохили кишвар як навъ нақзи ҳуқуқи инсон мебошад. Аз ин бармеояд, ки агар нафаре баъд аз чанд соли фаъолият барои гирифтани таълимоти динӣ дар хориҷ аз кишвар  майл пайдо кунад, аз ин маҳрум мешавад, илова намуд Муҳиддин Кабирӣ.

"Чунин ба назар мерасад, ки масъулини ҳукумати Тоҷикистон муллогиро дар ҷомеа ҳамчун касб шинохтанӣ ва ё ба он чунин мақом доданиянд. Мисле, ки дар кишварҳои хориҷ поп ва монах касб аст. Пас, аз ин ба баъд шаҳрвандонро зарур меояд, то тамоми ҳаёти худро дар мадорису донишгоҳҳои исломӣ паси сар намоянд"- мегўяд Кабирӣ. Раиси ҲНИТ аз он нигаронӣ намуд, ки ҳамакнун ҷомеаи Тоҷикистон имкони пайдо намудани шахсияте мисли аллома Иқболи Лоҳуриро аз даст медиҳад. Зеро бо ворид гардидани тағйирот ба қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ» ҷомеаи кишварро ба ду гурўҳ тақсим намудем: шахсиятҳои дунявӣ ва динӣ. Ин бойиси маҳдуд намудани доираи рўшанфикрон мегардад. Ба бовари Муҳиддин Кабирӣ беҳтар мебуд, агар ҷомеа рӯшанфикронеро тарбия намояд, ки дониши дунявиву динии комил дошта бошанд.

Акнун ҷавонон роҳи дигар хоҳанд ҷуст

Дар ҳамин маврид, Иззат Амон таҳлилгари масоили сиёсӣ мегўяд, ки бо ворид намудани тағйирот фишор болои ҷавонони донишҷў зиёд шуда, мунҷар ба ифротӣ шудани онҳо мегардад. Номбурда бар ин назар аст, ки вазорати маориф ва кумитаи дин дар ҳоле ба ин кор муваффақ хоҳанд шуд, ки агар мехонизми дурусти роҳандозӣ намудани ин тасмимҳоро дошта бошанд. Дар сурати ғайр мегўяд Иззат Амон, ҷавонон талош меварзанд, то ба ҳар роҳу восита барои таҳсил дар хориҷ аз кишвар даст ёбанд, ки ин бойиси авҷи фасод  дар ҷомеаи Тоҷикистон хоҳад буд.{jathumbnail off}

Ҳумайрои БАХТИЁР

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)