Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:54

Сафири Русия ба вазири маорифи Тоҷикистон пешниҳоди вижа кард

10 феврал 2012, 07:10

Нимаи аввали моҳи апрел ҳафтаи маорифи Русия дар Тоҷикистон баргузор мегардад.


Ин тасмим зимни мулоқоти Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон бо Юрий Попов, Сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ва Сергей Киселёв, намояндаи Ҷамъияти ҳамкории Русия аз ҷониби сафир пешниҳод гардид. Тавре Сиддиқ Муборак, сухангӯи ВМ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, дар ҷашни ҳафтаи маорифи Русия, ҳамчунин намоишгоҳу ярмаркаи хизматрасонии маърифатии донишкадаҳои олии Русия сурат мепазиранд.

Манбаъ афзуд, дар нишасти мазкур масъалаҳои рушди ҳамкории башардӯстонаи байналмиллалӣ дар бахши маориф  мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дипломати Русия дар ҷараёни мулоқот иброз дошт, ки мутобиқи фармони президенти Русия аз 27 декабри соли 2010 муассисаҳои давлатии федералии маърифатӣ, мактабҳои миёнаи таъсилоти умумӣ, ки берун аз ҳудуди Федератсияи Русия мебошанд, бо амволу теъдоди ташкилотиашон дар ихтиёри Ҷамъияти ҳамкории Русия гузошта мешаванд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!