Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 22:41

Умеди Давлатзод: Тоҷикистон барои ҳамкорӣ бо ТЕМПУС ҳамеша омода аст

10 феврал 2012, 12:24

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо мулоқоти масъулини ин вазорат бо ҳайати намояндагони лоиҳаи Комиссияи Аврупоии ТЕМПУС – «Таҳия ва пешбурди сохтори устувор оид ба тарбияи рӯҳияи соҳибкорӣ дар Россия ва Тоҷикистон» баргузор гардид.


Тибқи иттилое, ки як масъули ин вазорат дар ихтиёри хабаргузории «Озодагон» гузошт, зимни ин ҳамоиш,  масоили таҳия ва коркарди сохтори устувор ҷиҳати тарбияи мутахассисон дар рӯҳияи соҳибкорӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани савияи кадрҳои омӯзгорӣ, омода намудани омӯзгорони бахши иқтисодӣ ва дар синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тарбия намудани интихоби касби равияи иқтисодидошта баррасӣ гардид.

 

Манбаъ афзуд, Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар ин нишаст изҳор намуд, ки ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати таҳия намудани лоиҳаҳои муштарак дар ин самт ва татбиқи босамари онҳо бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Иттиҳоди Аврупо ҳамеша омода аст.

Сарчашмаи хабар ҳамчунин иттилоъ дод, ки иштироки Тоҷикистон дар лоиҳаи мазкур аз ҷониби Комиссияи махсуси Иттиҳоди Аврупо мутобиқи интихоби озмун аз байни давлатҳои Осиёи Марказӣ маъқул дониста шудааст. Дар баробари намояндагони вазорат профессор Ҷозеф Афф, роҳбари лоиҳаи Комиссияи Аврупоии ТЕМПУС низ дар ин нишаст шикат намудааст.

.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!