Бахшҳо

Қӯшқурғони Шаҳристон ва мушкилоти он аз дидгоҳи райси ноҳия

Наим Муқумов, райиси ноҳияи Шаҳристон бо сокинон деҳаи Қӯшқӯрғони ин минтақа мулоқот кард.


Бино ба иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон», дар нишаст аҳолии русто оид ба масъалаи таъминот бо замини наздиҳавлигӣ, кам кардани нақшаи иҷро аз истифодаи замин, бо техникаҳои зарурӣ таъмин намудани варзишгоҳи деҳа, таъминот бо оби тозаи нӯшокӣ ва дигар масъалаҳо муроҷиат намуданд.

Зимнан, раиси ноҳия оид ба масъалаи тақсимоти замини наздиҳавлигӣ гуфт, ки ин масъала дар рӯзҳои наздик ҳаллу фасл гардида, бобати иваз намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ тамоми санадҳои лозима дар сатҳи ноҳия баррасӣ гардидааст ва агар  аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шавад, ин муаммо низ бартараф хоҳад шуд.

Ҳамчунин, Наим Муқумов роҳбарияти хоҷагии тухмипарварии Қӯчқӯрғон ва шӯъбаи маорифи ноҳияро вазифадор кард, ки варзишгоҳи деҳаро бо воситаҳои зарурӣ дар рӯзҳои наздик  таъмин намоянд. Дар охир, бобати масъалаҳои киштукори баҳорӣ, истифодаи оқилонаи замин, суст будани фаъолияти хоҷагӣ дар самти тайёр кардани тухмҳои хушсифат, зиёд намудани кишти картошка, ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ, дастгирии оилаҳои яккаву танҳо, маъюб ва камбизоат сухан рафт.

 

 

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)